“Толибон” аз боз шудани гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхонбандар-Панҷи Поён хабар доданд

Масъулони маҳаллии ҳукумати сарпарасти Толибон дар Кундуз ба расонаҳо гуфтаанд, ки марзи Шерхон Бандар миёни Афғонистону Тоҷикистон барои рафту омади молҳои тиҷоратӣ боз шудааст. Ин гузарҳои муҳими тиҷоративу тронзитӣ бар пайи як ду даргирӣ дар ҳафтаҳои гузашта дар марзи Афғонистону Тоҷикистон баста шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба боз шудани ин гузаргоҳ то кунун изҳори назар […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Масъулони маҳаллии ҳукумати сарпарасти Толибон дар Кундуз ба расонаҳо гуфтаанд, ки марзи Шерхон Бандар миёни Афғонистону Тоҷикистон барои рафту омади молҳои тиҷоратӣ боз шудааст. Ин гузарҳои муҳими тиҷоративу тронзитӣ бар пайи як ду даргирӣ дар ҳафтаҳои гузашта дар марзи Афғонистону Тоҷикистон баста шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба боз шудани ин гузаргоҳ то кунун изҳори назар накардаанд. Ҳамчунин мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба таври расмӣ дар мавриди баста шудани ин гузаргоҳ то имрӯз ҳам изҳори назар накарда буданд.

Хабаргузории "Бохтар" бо такя ба мақомоти Толибон дар гумруки Кундуз навиштааст, ки марзи Шерхон Бандар пас аз 15 рӯз бо ба якдигарфаҳмӣ расидани намояндагони гумрукҳои Тоҷикистону Қундуз боз шудааст.

Толибон гуфтаанд, ки аз ин пас тоҷирони тоҷикистонӣ метавонанд бо дарёфти визои Афғонистон ба ин кишвар сафар кунанд ва доду гирифти тиҷоратӣ ва тронзитӣ анҷом бидиҳанд.

Толибон дар мавриди ин ки оё тоҷирони Афғонистон ҳам метавонанд ба Тоҷикистон сафар кунанд чизе нагуфтаанд. 

Мақомҳои маҳаллии ин гурӯҳ дар ҳоле аз боз шудани марзи Шерхон Бандар хабар медиҳанд, ки гузоришҳое аз даргириҳо миёни ин гурӯҳ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз нашр шуда буд. Ба навиштаи "Афғонистон интернейшнл" охирин даргирӣ миёни Толибон ва марзбонони Тоҷикистон 15-уми май сурат гирифта буд, ки 4 соат давом кардааст. 

Бар пайи ин даргирӣ даҳҳо мошини борбар ва даҳҳо ронанда аз Тоҷикистон дар хоки Афғонистон банд монда буданд. Толибон ба онҳо иҷоза надода буданд, ки аз Шерхон Бандари Афғонистон тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён вориди Тоҷикистон шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.