Нигаронии вазири маориф аз ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон ба мактабҳои Суғд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар пайи як санҷиши гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илм дар вилояти Суғд маълум шудааст, ки сабаби асосии ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон ба мактабҳо дар баробари сабабҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамчунин пешниҳод нашудани имтиёзҳои фароҳамкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ аз сӯйи ҳукуматҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо дар вилояти Суғд  будааст.

Гуфта мешавад, ки зимни тафтиш дар муассисаҳои таълимии вилояи Суғд ошкор гардид, ки ба 67 нафар мутахассиси ҷавон қарзҳои имтиёзнок ва ба 22 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст, ки дарсадии ниҳоят кам мебошад. Ба истиснои шаҳри Хуҷанд (2 нафар), Исфара (1 нафар) ва ноҳияи Ашт (17 нафар) дар дигар шаҳру ноҳияи санҷидашуда ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, замин барои кишту кор ва боғдорӣ дода нашудааст, – хабар додааст Дафтари матбуоти вазорат.

Гуфта мешавад, ки далели ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара ба ҳамин мушкил марбут будааст.

Раҳим Саидзода, вазири маориф аз ин шеваи кор изҳори нигаронӣ карда, дастур додааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат ин мушкил ва аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод шавад.

Вазорати маориф мегӯяд, ки аз шумори мактабҳои санҷидашуда, танҳо дар мактабҳои ноҳияи Мастчоҳ 12 нафар муаллим намерасад.

Дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд 23 ҳазору 948 омӯзгор (18668 зан) кор мекунанд. Аз шумора 20679 нафар маълумоти олӣ дошта 3269 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ дарс мегуфтаанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби буҷаи давлат барои омӯзгорони ҷавон дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок  барои беҳ кардани шароити зисту зиндагӣ, аз ҷумла чорводорию занбӯрпарварӣ пешниҳод мегардад. Ин имтиёзи давлатӣ  ҳамасола барои 333 омӯзгор дар сар то сари кишвар пешбинӣ гардидааст.

Тавре қаблан Вазорати мориф ва илм ба «Азия-Плюс» хабар дода буд, ба мутахассисони ҷавон ғайр аз қарзҳои боимтиёз ҳамзамон бидуни навбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҳукуматҳои маҳалл ва шуъбаҳои маориф дода мешавад.

Вале, бархе омӯзгорон бар онанд, ки аз имтиёзи мазкур, ки барои беҳтар намудани зиндагӣ пешбинӣ гардидааст огаҳӣ надоранд.

Дар Вазорати маориф ва илм низ иқрор шуданд, ки ин қарзҳои имтиёзнок барои ҳамаи омӯзгорони ҷавони ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, аммо фаъолияти шуъбаҳои маориф дар ин самт суст роҳандозӣ шудааст. «Бештари шуъбаҳои маориф ба омӯзгорон ин имтиёзро пешниҳод намекунанд ва омӯзгорон аз ин имтиёз бархурдор нестанд. Яъне таблиғу ташвиқ дар ин самт кам аст», – гуфта буданд дар Вазрати маориф. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...