Тоҷикистон ният дорад, ки истеҳсоли равғани растаниро зиёд кунад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тоҷикистон дар давоми се соли наздик ният дорад, ки истеҳсоли равғани растаниро ба миқдори 57% зиёд карда, воридоти онро дар ин давра 2,1% кам кунад. Дар ин бора дар Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 маълумот дода шудааст.

Мувофиқи ин санад, то соли 2024 ҳаҷми воридоти равғани растанӣ ва чарбу то 94 ҳазор тонна коҳиш меёбад.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воқеии воридот дар соли гузашта ба таври назаррас аз нишондиҳандаи нақшавӣ зиёд шуда, аз хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 148 млн доллар 123 ҳазор тонна равған харида шуд.

Тибқи нақша, бояд 100 ҳазор тонна харида мешуд. Дар се моҳи аввали соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 42 млн доллар аллакай 37 ҳазор тонна равғани растанӣ ворид намуд. Тибқи арзёбии коршиносон, имсол ҳам воридот метавонад аз нақша зиёд шавад.

Дар баробари ин, дар дохили кишвар ният доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли равған, асосан равғани пахтаро зиёд кунанд.

Дар ҷаласаи рӯзи 23 марти ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид дастуру супоришҳо дод.

Вазорату идораҳои дахлдор ба сарвари давлат маълумот доданд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 52 корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ фаъолият дошта, иқтидори умумиашон 80 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Агар истеҳсоли пахта дар кишвар дар ҳаҷми 400 ҳазор тонна ба назар гирифта шавад, дар сурати пурра тоза кардани он дар дохили кишвар, барои истеҳсоли 60 ҳазор тонна равған дар як сол имкон ҳаст. Ғайр аз ин, ба ҷуз пунбадона, аз офтобпараст, сафлор, зағир ва дигар растаниҳо ҳам равған истеҳсол кардан мумкин аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки сохторҳои марбутаи кишвар ҷиҳати дар қаламрави ҷумҳурӣ таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсоли равған ва таҷдиди корхонаҳои мавҷуда гуфтушунид доранд.

Тибқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод, дар зарфи 3 сол ҳаҷми истеҳсоли равған бояд аз 27,3 ҳазор тонна дар соли равон то ба 43 ҳазор тонна дар соли 2024 зиёд карда шавад.

Мувофиқи арзёбии иқтисодчиён, бо назардошти 16,6 кило меъёри истеъмол барои як кас дар як сол ва афзоиши шумори аҳолӣ, талабот ба равған низ аз 160,8 ҳазор тонна дар соли ҷорӣ то ба 170,6 ҳазор тонна дар соли 2024 ё худ зиёда аз 6% боло меравад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 1 кило равғани пахта 23-33 сомонӣ ва равғани офтобпараст – 24-35 сомонӣ нарх доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...