Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Раисӣ дар Эрон. Нуқтаи баланди гармии равобит?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баъди 9 соли таваққуф ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон, кишвари форсзабоне, ки дар гузашта шарики стратегии Тоҷикистон ном бурда мешуд, пас аз он иттифоқ меафтад, ки ду кишвар дар ин нуҳ сол, сардии равобити бепешинаеро таҷриба карданд. Эмомалӣ Раҳмон, ки асри 29-уми май вориди Эрон […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баъди 9 соли таваққуф ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон, кишвари форсзабоне, ки дар гузашта шарики стратегии Тоҷикистон ном бурда мешуд, пас аз он иттифоқ меафтад, ки ду кишвар дар ин нуҳ сол, сардии равобити бепешинаеро таҷриба карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки асри 29-уми май вориди Эрон шуд, дар фурудгоҳи Теҳрон аз вазири неруи Эрон Алиакбар Меҳробиён истиқбол шуд. 

Хабаргузории давлатии "Ирно"-и Эрон навиштааст, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмии раисҷумҳури Эрон Оятуллоҳ Иброҳими Раисӣ сурат гирифтааст.

Иброҳим Раисӣ ҳам соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омада буд. Эрон дар СҲШ чанд сол аст, ки мақоми нозирро дорад.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масили равобити хориҷӣ, додситони кул, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, раиси вилояти Хатлон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва чеҳраҳои дигари ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд.

Расонаҳои эронӣ навиштаанд, ки гуфтугӯҳо ва ройзаниҳои ҳайатҳои олии ду кишвар, имзои чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи барномаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмонанд.

Ин сафар, пас аз он, ки Тоҷикистон Эронро ба пуштибонӣ аз мухолифни давлат муттаҳам кард ва як давраи сардии равобити 5-6-соларо ба вуҷуд овард, аз сӯйи расонаҳо ва коршиносони сиёсӣ ба шеваҳои гуногун тафсир мешавад.

Аммо аз он ҷо, ки худи шахси президент бо як сафари расмӣ вориди Теҳрон шудааст, дар ҳоли ҳозир гуфта мешавад, ки ду кишвар дар пасманзари таҳаввулоти сиёсиву амниятии минтақа ва ҷоҳон марҳилаи нави ҳамкориҳоро мехоҳанд оғоз ва роҳандозӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.