Далер Қаноат: “Фарзанди Қаноат будан ба ман имтиёзи зиёде дод”

Далер Қаноат ягона писари Муъмин Қаноат ҳастанд, ки солиёни зиёд дар хориҷ аз кишвар – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Конодо зиндагӣ кардаанд. Ҳоло Далер шаҳрванди Конодост, аммо ба Тоҷикистон омадааст то дар таҷлил аз 90-солагии падараш ширкат кунад. Дар Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни шахсият, ашъор, хидматҳои фарҳангӣ ва равшанфикрии устод Қаноат ба баҳсу таҳлил кашида шудааст, аммо […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Далер Қаноат ягона писари Муъмин Қаноат ҳастанд, ки солиёни зиёд дар хориҷ аз кишвар – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Конодо зиндагӣ кардаанд. Ҳоло Далер шаҳрванди Конодост, аммо ба Тоҷикистон омадааст то дар таҷлил аз 90-солагии падараш ширкат кунад.

Дар Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни шахсият, ашъор, хидматҳои фарҳангӣ ва равшанфикрии устод Қаноат ба баҳсу таҳлил кашида шудааст, аммо Муъмин Қаноат дар муҳити хонавода ва муносибат бо фарзандону наздикону пайвандонаш камтар суҳбат шудааст.

Дар ин мусоҳиба бо Далер Қаноат ҳамин паҳлӯи рӯзгори шоири шаҳир ва пуровозаи адабиёти муосири тоҷику форс, касе, ки оварандаи руҳи миллӣ ба адабиёти сурхи шеравии тоҷик дониста мешавад, ба баҳсу баррасӣ кашида шудааст.

Дар ин мусоҳиба шумо мефаҳмед, ки:

– Қаноат дар солҳои ахир аз писараш чӣ хоҳиш мекард?

– Чаро мехост фарзандаш ба Тоҷикистон баргардад?

– Қаноат оё кӯдаконашро ба парку сайёҳат мебурд?

– Чаро Қаноат аз номи Худо ба писараш ҳадяҳо меовард?

– Басир Расо дар шоир шудани Муъмин Қаноат чӣ нақш дошт?

– Далер чӣ гуна тарҷумони падараш дар кишварҳои арабӣ шуд?

– Назари Далер ба муносибатҳои сиёсиву расмӣ ба мероси Қаноат чист?

– Чаро ягона писари Қаноат ба Конодо рафт?

– Набераҳои Қаноат оё забони ӯро медонанд ва шеъри бобои худро дар забони асл мехонанд?

Ин ва ҳазорҳои паҳлӯҳои ногуфтаи ҳаёту мамоти устураитарин шахсияти фарҳангу адабиёти мо дар ин суҳбат.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.