“Сомон Эйр” парвозҳоро ба Қазон ва Новосибирск барқарор мекунад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бораи дубора аз сар гирифтани парвозҳои доимӣ бо хатсайрҳои Душанбе-Қазон-Душанбе ва Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд хабар медиҳад. Парвозҳо дар ҳар ду хатсайр шуруъ аз 9 июн ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе иҷро карда мешаванд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ. Вақти парвоз аз Душанбе ба Қазон соати 17:40 ва аз Қазон ба Душанбе […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бораи дубора аз сар гирифтани парвозҳои доимӣ бо хатсайрҳои Душанбе-Қазон-Душанбе ва Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд хабар медиҳад. Парвозҳо дар ҳар ду хатсайр шуруъ аз 9 июн ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе иҷро карда мешаванд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Қазон соати 17:40 ва аз Қазон ба Душанбе – соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ муайян шудааст. Аз Хуҷанд ба Новосибирск  ҳавопаймо соати 20:30 раҳсипор гардида, шаби ҷумъа – соати 03:00 бозпас бармегардад. Парвозҳои тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 и -900 сурат мегиранд.

Дар нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои хидматрасонӣ (Call-центр) харидани билет ва дарёфти маълумоти муфассал имконпазир аст.

Дар ширкат хотиррасон менамоянд, ки ба ҷуз шаҳрвандони Русия, аз дигар шаҳрвандони хоҳишманди парвоз ба Русия маълумотнома (справка)-и тести ПСР бо натиҷаи манфӣ аз COVID-19, ки на дертар аз 38 соат то расидан ба қаламрави Русия дода шудааст, талаб карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз 15 марти соли 2022 бо хатсайрҳои “Сомон Эйр” аз кишварҳои ИДМ бо гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксингирӣ ба Тоҷикистон парвоз кардан имкон дошт. Агар гувоҳномаи пурра ё қисман гузаштан аз ваксингирӣ набошад, мусофирон бояд маълумотнома (справка)-и тести ПСР бо натиҷаи манфӣ аз COVID-19-ро, ки на дертар аз 72 соат то расидан ба Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Барои кӯдакони синни то 3-сола маълумотнома талаб намешавад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш ширкати ҳавопаймоии Nordwind-и Русия эълон карда буд, ки аз Қазон (Тотористон) ба Душанбе хатсайри мустақими ҳавоӣ роҳандозӣ мекунад. Парвозҳо шуруъ аз 26 май рӯзҳои панҷшанбеи ҳафта иҷро карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.