Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди таҳрим кардани нафти Русия наметавонад тасмим бигирад

Намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе, дар остонаи саммити ин иттиҳод, ки рӯзҳои 30-31 май дар назар аст, натавонистанд, дар мавриди таҳрими нафти Русия ба созиш расанд. Хабаргузориҳо навиштанд, ки гуфтугӯҳо дар мавриди таҳрими нафти Русия субҳи рӯзи душанбе идома мекунад. Бино ба тарҳи созише, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар мавридаш гуфтугӯ доранд, хариди нафти […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе, дар остонаи саммити ин иттиҳод, ки рӯзҳои 30-31 май дар назар аст, натавонистанд, дар мавриди таҳрими нафти Русия ба созиш расанд.

Хабаргузориҳо навиштанд, ки гуфтугӯҳо дар мавриди таҳрими нафти Русия субҳи рӯзи душанбе идома мекунад.

Бино ба тарҳи созише, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар мавридаш гуфтугӯ доранд, хариди нафти Русия бояд то охири сол таҳрим шавад. Аммо ин таҳрим як истисно дорад. Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, интиқоли нафт тавассути лӯлаи "Дӯстӣ"-и Русия давом кунад, ки Маҷористон, Словакия ва Ҷумҳурии Чехро таъмин месозад.

Ахиран хабаргузориҳои байналхалқӣ навиштанд, ки дар остонаи мулоқоти роҳбарони Иттиҳоди Аврупо Комисияи Аврупо тарҳи қобили қабули аксариятро дар мавриди таҳрими Русия таҳия кардааст.

Иттиҳоди Аврупо бештар аз як моҳ аст, ки наметавонад, бастаи шашуми таҳримҳои зидди Русияро қабул кунад. Ин таҳримҳо нисбати Русия ба далели ҳамлааш ба Украина эълом мешаванд. Маҷористон зидди таҳрими нафти Русия аст. Маҷористон мегӯяд, ин таҳрим ба иқтисоди вай зарбаи сахт мезанад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.