Модари президенти Туркманистон “қолинбофи хидматнишондода”-и ин кишвар эътироф шуд

Огулгерек Бердимуҳаммадова, модари президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва ҳамсари раисҷумҳури собиқи ин кишвар Қурбоқулӣ Бердимуҳаммадов, соҳиби унвони фахрии "Қолинбофи хидматнишондодаи Туркманистон" шуд. Фармони эътои ин унвон дар нашрияи давлатии "Туркманистони бетараф" нашр шуд. Унвони мазкурро ба модари президент барои хидматҳояш "дар тақвияти истиқолол ва ягонагии Туркманистон, рушди санъати миллии қолинбофӣ, нақшбании қолинҳо ва заҳмати тӯлонии […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Огулгерек Бердимуҳаммадова, модари президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва ҳамсари раисҷумҳури собиқи ин кишвар Қурбоқулӣ Бердимуҳаммадов, соҳиби унвони фахрии "Қолинбофи хидматнишондодаи Туркманистон" шуд.

Фармони эътои ин унвон дар нашрияи давлатии "Туркманистони бетараф" нашр шуд.

Унвони мазкурро ба модари президент барои хидматҳояш "дар тақвияти истиқолол ва ягонагии Туркманистон, рушди санъати миллии қолинбофӣ, нақшбании қолинҳо ва заҳмати тӯлонии чандинсола, санъати касбӣ" додаанд.

Чунин унвон дар баробари модари президент ба 11 зани дигар дода шудааст.

Унвони "Қолинбофи хидматнишондодаи Туркманистон" ҳамасола дар остонаи рӯзи қолинҳои туркманӣ дода мешавад, ки якшанбеи охири моҳи май таҷлил мегардад. Ин ҷанш соли 1999 ҷорӣ шуд.

Шаҳрвандони Туркманистон то кунун дар бораи модари президенти кунунӣ ва ҳамсари президенти пешини он кишвар иттилои зиёде надоранд. Маълум нест, Огулгерек Бердимуҳаммадова чанд сол дорад ва ба чӣ кор машғул буду ҳаст. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти пешини Туркманистон дар сафарҳои хориҷӣ ҳамсарашро бо худ намебурд. Расонаҳои Туркманистон танҳо соли гузашта акси ҳамсари президенти пешинро нашр карданд.

Сардор Бердимуҳаммадов дар моҳи марти соли ҷорӣ сари қудрат омад. Вай дар ин мақом падарш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро иваз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.