Рӯзҳои истироҳат рубл дар Тоҷикистон 6 сомонӣ арзон шуд

Рӯзҳои истироҳати гузашта қурби рубли Русия, ки давоми ҳафта босуръат тамоили болоравиро касб карда буд, ба поинравӣ шурӯъ намуд. Тибқи қурби расмӣ, имрӯз, 30 май 1000 рубл ба 167,5 сомонӣ баробар аст. Рӯзи ҷумъа, 27 май он ба 173 сомонӣ баробар буд. Қурби доллари амрикоӣ алҳол бетағйир боқӣ монда, тибқи қурби расмӣ барои 1 доллар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати гузашта қурби рубли Русия, ки давоми ҳафта босуръат тамоили болоравиро касб карда буд, ба поинравӣ шурӯъ намуд. Тибқи қурби расмӣ, имрӯз, 30 май 1000 рубл ба 167,5 сомонӣ баробар аст. Рӯзи ҷумъа, 27 май он ба 173 сомонӣ баробар буд.

Қурби доллари амрикоӣ алҳол бетағйир боқӣ монда, тибқи қурби расмӣ барои 1 доллар имрӯз ҳам мисли рӯзи ҷумъа 11,40 сомонӣ медиҳанд.

Дар муқоиса бо ҳафтаи сипаришуда қурби евро каме боло рафт. Имрӯз 1 евро 12,20 сомонӣ нарх дошта, рӯзи ҷумъа ба 12,19 сомонӣ баробар буд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки рубли русӣ дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқолҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба низоми бонкии кишвар ворид мешавад, лекин сар аз соли 2016 ба қабулкунандагон танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.