Шарикӣ ё назорат? Ҳукумат дар Тоҷикистон ҳақ пайдо кард шарики “ҶДММ”-ҳо шавад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вакилони парлумони Тоҷикистон ба ду қонуни барҳол (амалкунанда) иловаҳо ворид карданд, ки дар асоси он акнун ҳукумати кишвар дар таъсиси ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд (ҶДММ) саҳм мегирад. Яъне ҳукумат ҳақ пайдо кард, дар якҷоягӣ бо соҳибкорон корхонаҳо таъсис диҳад.

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон ба ду қонун – дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд иловаҳо ворид гардид.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар ҳузури вакилон ворид гардидани иловаҳоро ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқии таъсиси ҷамъиятҳои саҳомиву ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд бо шарикии ҳукумат маънидод кард.

Ӯ гуфт, дар гузашта чунин тартиб дар қонунгузорӣ набуд ва мақомоти давлатӣ ҳақ надоштанд, ки муассиси ҷамъияти саҳҳомӣ ва ё ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд бошанд.

Вале афзуд, дар таҷриба зарурати таъсиси чунин ҷамъият бо иштироки ҳукумат ҷой дорад ва тибқи муқарароти нав минбаъд, ҳукумати Тоҷикистон метавонад ба сифати муасиси ҷамъиятҳои саҳомӣ ва шарики ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд баромад намояд.

Музаффар Ашуриён дар поёни ҷаласаи парлумон дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ҳадафи иловаҳо шарики ҷамъияти саҳомӣ ва "ҶДММ"-ҳо гардидани давлат аст.

– Вақте корхонаи давлатӣ ба ҷамъият табдил меёбад, ҳукумат саҳми худро дорад. Масалан, саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” аз давлатанд, касе дигар дар он саҳмдор нест. Ҳамонро мо дар қонун ҷой кардем, ки давлат метавонад шарик бошад. Яъне дар ҷамъият, ки саҳм дорад, дар қонун пешбинӣ кардем. Ин ба ҷамъиятҳои саҳомии хусусӣ дахл надорад. Ин ба ҷамъиятҳое дахл дорад, ки саҳмияҳои асосиро давлат дорад, – афзуд вазири адлия.

Ин мақомдори тоҷик гуфт, дар гузашта вақте бархе моликияти давлатиро ҷамъиятӣ карданд, қонунгузорӣ ин муқараротро пешбинӣ накарда буд.

Ӯ гуфт, то ҳол дар кишвар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуде нест, ки бо шарикии давлат таъсис шуда бошад ва дар оянда агар давлат хоҳад, дар таъсиси ягон ҶДММ ширкат мекунад ва ё дар якҷоягӣ бо соҳибкор лоиҳаеро роҳандозӣ менамояд.

– Давлат худаш мехоҳад, ки моликияти давлтиро ҷамъиятӣ кунад ва дигарон низ иштирок кунанд. Дар ин ҳолат 51 дарсади саҳмияҳо дар давлат мемонад. Ин қонун дар тамоми давлат ҳаст. Ҳаминро мо низ дар қонун нишон додем. Ин чизе нест, ки бояд боиси ташвиши мардум шавад. Инҷо ягон эҷоди монеа барои соҳибкорон нест, баръакс, ҷамъиятҳое ки якҷоя ҳастанд, ба манфиат аст, – хулоса кард Ашуриён.

Ҳукумат ҳақ пайдо кард, ки болои саҳмияи соҳибкорон назорат кунад

Фозил Обидзода, вакили парлумон, ки аз вакилон хост иловаҳо ба қонунҳоро ҷонибдорӣ кунанд, дар суҳбат бо мо гуфт, дар гузашта давлат болои саҳмияҳои давлатӣ, мисли саҳмияҳои НБО “Роғун” назорат мекард ва акнун онҳо пешниҳод карданд, ки болои соҳибкорону шахсоне, ки саҳмия доранд, ҳукумат ҳаққи назорат пайдо кунаду дар сурати зарурат саҳм дошта бошад.

– Дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуде, ки ҳукумат ҳеҷ саҳм надорад, метавонад, дар вақти талафот ё қарори додгоҳ ширкат ва аз онҳо дифоъ кунад. Масалан имрӯз бархе бонкҳои Тоҷикистон муфлис шудаанд (“Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-дар назар аст, муаллиф), муштариён наметавонанд, ки маблағҳояшонро баргардонанд, агар ба ҳукумат ариза нависанд, ҳукумат қарори алоҳида мебарорад ва бонкҳоро дастгирӣ мекунад, -афзуд Обидзода.

Номбурда ҳадафи ворид намудани иловаҳоро ба ду қонуни амалкунанда, ширкати соҳибкорон ва шаҳрвандон дар сохтмонҳои аҳамияти давлатидошта унвон кард ва гуфт, агар дар чунин сахтмонҳо худи ҳукумат саҳмия дошта бошад, боварии аҳолӣ ба амалишавии он бештар мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...