Дар Тоҷикистон бештар ба телевизион бовар доранду онро тамошо мекунанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Душанбе таҳқиқоти нави ба кадом васоити ахбори умум афзалият додани аҳолии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Таҳқиқот нишон дод, ки аҳолии ҷумҳурӣ ба телевизион, ки дар ҷумҳурӣ оммавӣ ва дастрас аст, бештар талабот дошта, 96%-и пурсидашудагон истифодабарандагони телевизион мебошанд.

Дар радабандии шабакаҳои марказии телевизион ТВ “Сафина” (63%) пешсаф буда, зинаҳои баъдиро ТВ “Тоҷикистон” (59%) ва ТВ “Синамо” (37,6%) ишғол кардаанд.

Дар маҷмӯъ 92%-и пурсидашудагон ба шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон талабот дошта, дар идома шабакаҳои телевизиони Русия – 32%, Ӯзбекистон – 27,4%, Эрон (форсизабон) – 24,95 ва Афғонистон – 8,8% қарор доранд.

Дар муқоиса бо соли 2019 радиоҳо қариб 1%-и шунавандагони худро аз даст додаанд. Аз шумори умумии пурсидашудагон радиоро имрӯз 39,7%-и пурсидашудагон гӯш мекунанд.

Байни шабакаҳои давлатӣ бори сеюм аст, ки радиои “Садои Душанбе” (38,8%) пешсаф аст.

Дар байни радиоҳои мустақил бори нахуст зинаи ававлро радиои “Ватан” ишғол намуда, радиои “Имрӯз” як зина поин фаромад. Мақоми сеюмро маъмулан радиои “Азия-Плюс” касб кард.

Дар сегонаи радиоҳо дар Душанбе низ сегонаи пешсаф “Ватан”, “Имрӯз” ва “Азия-Плюс” мебошанд.

Дар байни нашрияҳои давлатии чопӣ мақоми аввал ба “Ҷумҳурият” ва миёни нашрияҳои мустақил – ба “Оила” дода шудааст. Ба сурати умум вазъи марбут ба ВАО-и чопӣ бад шуда, айни замон шумори истифодабарандагони газета то 32,4% поин рафтааст, ки 11% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Пурсидашудагон ишора кардаанд, ки дар байни сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз Youtube, Instagram ва Facebook истифода мекунанд.

Яке аз пешсафони радабандиҳои пешина – Odnoklassniki.ru аз зинаи дуюм ба панҷум поин рафт.

Миёни сомонаҳои ватанӣ дар се мақоми аввал сомонаи эълонҳои рекламавии somon.tj  ва сомонаҳои иттилоотии “Озодӣ” ва “Азия-Плюс” номбар шудаанд.

Қобили зикр аст, ки чунин таҳқиқот маротибаи сеюм гузаронида шуд. Ду таҳқиқоти аввал солҳои 2018 ва 2019 баргузор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ифтитоҳи мактабу корхона ва ширкат дар ҷашни Наврӯз дар Мастчоҳ. Рӯзи дуввуми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафараш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ чанд мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои истеҳсолиро ифтитоҳ карда,  дар...

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...