Роҳандозии браузери миллӣ дар Тоҷикистон – Dodaho. Он Google-ро иваз мекунад?

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон браузери миллии мушобеҳ ба Google ва Яндекс – Dodaho роҳандозӣ шуд. Барои ба кор даровардани он таҳиягаронаш зиёда аз 40 ҳазор сомонӣ масраф кардаанд. Миёни кишварҳои ИДМ танҳо Русия браузери миллиро дар ихтиёр дорад.

Таҳиягари браузер, омӯзгори филиали Донишгоҳи МИСиС дар Душанбе Файзуллоҷон Сафаров зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки фарқияти асосии он аз дигар браузерҳо дар он аст, ки Dodaho маълумот дар бораи корбаронро ҷамъоварӣ намекунад.

“Браузер аз аввали моҳи июн бо забони тоҷикӣ амал карда, як низоми худии ҷустуҷӯии насбшуда дорад ва истифодааш хеле осону одӣ мебошад. Дар марҳилаи ҳозира ин версия суръати баланди интиқоли маълумот, ҳадди ақали трафики интернет ва интерфейси қулайу бароҳат бо се забон дорад. Фарқияти асосии он аз дигар браузерҳо дар он аст, ки Dodaho маълумот дар бораи корбаронро ҷамъоварӣ намекунад… Google, Opera, Yandex сиёсати худро дошта, мо сиёсати худро дорем”, – гуфт Сафаров.

Суроға (истинод, ишора) ба боргирӣ (скачивание)-и Dodaho дар сомонаи smj.tj мавҷуд буда, насб ва истифодаи он бидуни ягон аккаунт имконпазир аст.

“Минбаъд дар нақша дорем, ки email-и худро боз кунем ва сипас бақайдгирии аккаунт имкон дорад”, – мегӯяд муаллифи он.

Таҳиягарон ба комёбии лоиҳа бовар дошта, мутамаинанд, ки маҳсулоти онҳо дар бозор корбарони худро пайдо мекунад.

“Ба муваффақ шудани лоиҳа ба мисли таҳиягарони шабакаҳои телевизиони нав, шабакаҳои иҷтимоӣ ё радиоҳо бовар дорем. Ҳама гуна маҳсулоти худӣ корбарони худро пайдо мекунад. Ҳамаи нозукиҳои кишвар ба мо нисбат ба ширкатҳои хориҷӣ беҳтар маълум буда, ҳалли ин мушкилот барои мо осонтар аст”, – изҳор мекунад Сафаров.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз амалисозии лоиҳа бунёди майдон барои ақидаҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT) ва робототехника мебошад, ки ба эҳтиёҷоти иҷтимоии аҳолии кишвар равона шуда бошанд.

“Ин аввалин браузери версияи 1.0-и ширкат буда, хароҷоти мо зиёда аз 40 ҳазор сомониро ташкил дод. Минбаъд барои такмил то версияи 1.1 ва 1.2 боз 60 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карданием”, – изҳори назар кард аз нақшаҳояш Сафаров.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Файзуллоҷон Сафаров ҳамроҳи дастаи худ низомии миллии ҷустуҷӯии Dodaho-ро роҳандозӣ намуданд, ки ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза аз он аз 20 то 50 ҳазор нафар корбарон истифода мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...