Аз видеои арӯсро дар тӯй задани домод дар Ӯзбекистон сокинони дигар кишварҳо шок шуданд

Asia-Plus

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои як тӯй дар Ӯзбекистон нашр шуд, ки навхонадорон дар озмун иштирок доштанд. Дар ин озмун арӯс ғолиб омада, ин кор ба домод маъқул намешавад ва ҷавон дар ғазаб шуда, ба пушти гардани арӯс сахт зарба мезанад.

Ҳеҷ кадоме аз мардоне, ки дар толор ҳузур доштанд, аз духтар пуштибонӣ накарда, дӯсти домод ошкоро механдид. Танҳо як зан омада, арӯси ҳайратзадаро аз сари дастархони «тӯёна» берун мебарад.

Ин навор сарусадои зиёде ба бор оварда, онро натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар хориҷи кишвар баррасӣ ва дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш доданд. Дар шабакаи Телеграми “Азия-Плюс” зиёда аз 400 нафар корбарон аз ин амали домод изҳори ошуфтагиву норозигӣ карданд.

Дар бораи навори видео чӣ маълум аст?

Мувофиқи маълумоти корбарон, ин ҳодиса ду сол пеш дар як тӯйе дар вилояти Сурхондарё рух додааст. Пас аз ин кор волидони арӯс духтарашонро ҳамон лаҳза аз тӯй гирифта, маросими издивоҷро бекор карданд.

Ҳозир ҳар ду қаҳрамонони навор бо оилаҳои нави худ зиндагӣ доранд.

Ҳушдори оғози сафар ба “дӯзахи ҳаёти оилавӣ”

Тавре ки Podrobno.uz хабар медиҳад, бисёр шахсиятҳои маъруф, аҳли ҳунари Русия, аз ҷумла Ксения Собчак, ровии телевизион Ксения Бородина, ҳунарманд Екатерина Волкова ба дастгирии арӯс изҳори назар карданд.

"Дар куҷо баргузор шудани тӯй муҳим нест. Муҳим он аст, ки мард аз як толори пури меҳмонон натарсида, ба сари арӯс мушт мебардорад. Аз он хашмгинам, ки чаро касе ба муҳофизати арӯс барнахост. Магар касе ба ин домод дар кӯдакиаш нафаҳмонидааст, ки ҷанҷолу муштбардорӣ кори хуб нест?”, – навиштааст Ксения Бородина.

Ба ин навори видео маҷаллаи маъруфи «Bild» низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.

“Барои бархе ин рӯзи хушбахтӣ ва оғози ҳаёти оилавӣ аст. Лекин барои аксарияти занони ҷаҳон ин танҳо ҳушдори оғози сафар ба дӯзахи ҳаёти оилавист”, – навиштааст ин нашрия рӯзи 14 июн.

Дар нашрияи олмонӣ ин мавод “Арӯс бозиро мебурад – домод мушт мебардорад” номгузорӣ шудааст.

Тавре ки нашрия таъкид намудааст, ки ҳеҷ касе аз ҷояш хеста, домодро лату кӯб ё ба милитсия муроҷиат намекунад, ҳарчанд ба гумон аст, ки аз ин чизе ҳосил шавад, зеро хушунат нисбати занон дар Ӯзбекистон ба мисли ҳар рӯз нон харидан як падидаи маъмулист.

“Никоҳҳои маҷбурӣ ва тасаввуроти хубии занон танҳо барои хидмат кардан ба мардон, таваллуди фарзандон ва рӯзгордорӣ дар хона низ як падидаи маъмулист”, – менависад нашрияи олмонӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...