Истиқболи гарму самимии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Душанбе

Asia-Plus

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки бори нахуст дар таърихи худ ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 роҳхат гирифт, дирӯз, 15 июн ба Душанбе баргашт.

Тавре ки Федерератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар фурудгоҳи пойтахт футболбозони тоҷикро гарму самимӣ истиқбол намуданд. Даҳҳо намояндагони расонаҳои хабарӣ ва садҳо мухлисон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъ омаданд.

Дар фурудгоҳ ҳайати дастаро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё байни дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми дирӯз дар Бишкек мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта, ба ин тариқ мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи «F» зинаи якумро ишғол намуд.

Дар бозии дигари ин гуруҳ Сингапур тими Мянмарро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард. Дар ду бозии пешин мунтахаби Тоҷикистон бар тимҳои Мянмар бо ҳисоби 4:0 ва Сингапур – 1:0 дастболо шуда буд.

Ҳамин тариқ, мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо касби 7-имтиёзӣ ба даври финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.

Аз ҳисоби таносуби хубтари тӯбҳо (5-0) мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳ ба зинаи якум соҳиб шуда, дар се бозӣ ба ворид шудани ягон гол ба дарвозааш роҳ надод.

Сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пас аз вохӯрӣ ба ҷониби Қирғизистон барои дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронидани мусобиқа ва муносибати хуб бо футболбозони тоҷик изҳори миннатдорӣ кард.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бори нахуст дар таърихи худ ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё роҳхат гирифт.

Дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё ба ҷуз Тоҷикистон дастаҳои зерин иштирок мекунанд: Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Таиланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия.

Даври финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё аз 16 июн то 16 июли соли 2023 баргузор мешавад. Қарори дар куҷо доир гардидани Ҷоми футболи Осиё-2023 дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...