Президент ба маъракаи ғунучини ангур дар ноҳияи Дӯстӣ оғоз бахшид

Date:

Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон идома дошта, зимни боздид аз ноҳияи Дӯстӣ сарвари давлат ба маъракаи ғунучини ҳосили ангур оғоз бахшид.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ноҳия, ки самти асосии фаъолияти сокинонаш кишоварзӣ аст, нахуст cарвари давлат дар деҳоти Нури Вахш аз ҳолати нашъунамои пахтазори ҶДММ “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” боздид ба амал овард.

Зикр шуд, ки имсол саҳмдорон дар масоҳати 3 ҳазору 365 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт намуданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, ба таъкиди кишоварзон, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Хоҷагидорон ният доранд, ки имсол то 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Соли гузашта кишоварзони ҷамъияти мазкур аз ҳамин масоҳат қариб 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда буданд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ шинос шуда, ба маъракаи ҷамъоварии ангури пешпазак оғоз бахшид. Хоҷагидорон 9 навъи ангурро парвариш мекунанд. Соли гузашта аз 2 гектар токзори ҳосилдиҳанда 50 тонна ангур ба даст овардаанд ва имсол ин нишондод бештар хоҳад шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Гуфта мешавад, ҳамчунин президенти аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд, ки дар он беш аз 30 навъ маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ гардид.

Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ташриф оварда, бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Ашӯрбек-2012"-и ноҳияи Дӯстӣ аз наздик ошно гардид.

Зикр шуд, ки хоҷагӣ дорои 2,5 гектар замини корами обӣ мебошад ва дар як гектари он ҷуворимакка барои дон кишт намуда, дар боқимонда 1,5 гектар кишти шолӣ мегузаронанд. Масоҳати зикргардида барои кишти шолӣ пурра омода карда шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Баъдан Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯсӣ ҶДММ "Ганҷи деҳа"-ро мавриди истифода қарор дод, ки ба истеҳсоли равғани растанӣ ва қуттиҳои пластикӣ машғул аст.

Биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасони корхона дар масоҳати 0,77 гектар қомат афрохта, имкон аст, ки дар як шабонарӯз 3,5 тонна чигит коркард ва аз он то 400 литр равғани хушсифати растанӣ истеҳсол карда шавад.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Истеҳсоли зарфҳои пластикӣ барои гирифтани маҳсулоти ватанӣ низ дар корхона ба роҳ монда шуда, имкон аст, дар як сол то 400 ҳазор қуттӣ пешниҳод карда шавад.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...