Равуои қатораи байни Душанбе – Тошканд 20 июн оғоз мегардад

Asia-Plus

Шурӯъ аз 20 июни соли равон равуои қатораи мусофирбари №301/302 бо хатсайри “Душанбе – Тошканд – Душанбе” оғоз мегардад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати “Ӯзбекистон темир йӯлларӣ” хабар медиҳад.

Қатора аз Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе соати 18:30 ба сафар баромада, рӯзи дигар, сешанбе соати 13:43 ба Тошканд мерасад.

Аз Тошканд низ қатора ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 16:15 ба роҳ баромада, рӯзи чоршанбе ба Душанбе мерасад.

Масофаи роҳ аз Тошканд то Душанбе тариқи роҳи оҳан 916 километрро ташкил медиҳад. Қатора муддати 21 соат дар роҳ хоҳад буд.

Қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе аз 10 вагон: 4 вагони купе, 5 платскарт ва вагон-тарабхона иборат аст.

Гуфта мешавад, арзиши билети қатора бо назардошти тахфиф вобаста ба муҳлати фурӯш аз 381.476 сӯм (ҳудуди 373 сомонӣ) оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳаракати қатораҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта қатъ шуда буд.

Тавофуқ дар бораи дубора роҳандозӣ намудани ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни пойтахти кишварҳо зимни вохӯрии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аввали моҳи июн дар шаҳри Тошканд ҳосил шуда буд.

Дар ин хусус Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО пас аз гуфтушунид бо президенти Ӯзбекистон хабар дода буд.

Бо зикри бамаротиб зиёд шудани равуои шаҳрвандон ва боркашонӣ тариқи роҳи ҳавоӣ ва нақлиёти автомобилгард сарвари давлати Тоҷикистон он замон чунин изҳор дошта буд:

“Айни замон ҳамарӯза то 20 ҳазор нафар сокинони ҳар ду кишвар бо мақсади тиҷорату сайёҳӣ, инчунин дидорбинӣ бо хешовандону дӯстон сарҳадро убур мекунанд. Ин нишондиҳандаи хеле назаррас аст”.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон санади стратегӣ – “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба имзо расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...