Дар истихроҷи тилло ба корхонаи “Апрелевка” ширкатҳои Русия кумак мекунанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкатҳои Русия бо корхонаи истихроҷи тиллои “Апрелевка”-и Тоҷикистону Канада, ки дар вилояти Суғд фаъолият дорад, созишнома ба имзо расониданд.

Хабаргузории ТАСС менависад, намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков изҳор доштааст, ки ин қарордод дар ҷараёни кори Ярмаркаи VIII-уми байналмиллалии савдо “Суғд-2022” дар Хуҷанд ҳосил шудааст.

“Аз рӯи натиҷаҳои ярмарка байни ширкатҳои Русия ва яке аз пешсафони соҳаи маъдани кӯҳии Тоҷикистон – корхонаи “Апрелевка”, Раёсати сохтмони асосӣ ва шаҳдории Хуҷанд қарордоду созишномаҳо имзо шуданд”, – гуфтааст Коренков.

Номбурда зимнан зикр кардааст, ки намояндагии савдо дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои Русия ба корҳо ҷиҳати интихоби миёнаравон ва таҳвилгарон идома медиҳанд, ки дар доираи онҳо бояд якчанд қарордоди содиротӣ ба имзо расад.

Раҳбарияти Корхонаи муштараки “Апрелевка” ҳанӯз соли 2019 дар бораи зарурати ҷалби сармоягузории иловагии хориҷӣ барои азхудкунии конҳои нави маъдан изҳори назар карда буд.

Корхонаи муштараки  Тоҷикистону Канада – “Апрелевка” соли 1995 дар заминаи Кони маъдани истихроҷи тиллои Қайроққум таъсис дода шуд.

Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар сармояи корхонаи мазкур 51% ва ҳиссаи ширкати Gulf-и Канада – 49%-ро ташкил медиҳад.

Заминаи ашёи хоми корхона конҳои Апрелевка, Қизил-Чеку, Бургунда, Инкиҷелон ва дигар конҳои хурд мебошанд. Маъдан бо тарзи кушода истихроҷ мешавад. Зимни коркарди он хӯлаи тиллову нуқра ҳосил мешавад.

Маҳсулоти асосии корхона хӯлаи тиллову нуқраи «Доре» мебошад, ки минбаъд дар корхонаи «Фулузоти нодири Тоҷикистон» то тиллои кимиёвии тозаи озмоиши баландтарин (999,9) ва нуқраи озмоиши 999,5 коркард мешавад.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истихроҷи тилло машғуланд, ки дар баробари КМ “Зарафшон”, корхонаҳои муштараки “Апрелевка”, корхонаи давлатии “Тиллои тоҷик”, артели “Одина”, ТВЕА ва «Пакрут»-и Чин низ аз бузургтаринҳо маҳсуб меёбанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...