Дар Тоҷикистон қонун дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз қабул шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул шуд.

Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садом мардум” хабар медиҳад. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар шарҳи қонуни мазкур изҳор намуд, ки мутобиқи он,

“ҳар шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки мавриди табъиз қарор гирифтаанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва (ё) қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳақ доранд”.

“Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур, табъиз ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ буда, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва ё этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкй ё ҳолати дигар асос меёбад ва мақсад ё оқибати он бад кардан, нобуд сохтан ва ё кам нишон додани ҳуқуқу озодиҳои эътирофшуда, истифода ё амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ мебошад”, – гуфт вазири адлия.

Ӯ таъкид дошт, ки давлат ҳифзи ҳуқуқи баробар ва самаранок аз табъизро кафолат дода, барои пешбурди сиёсат ва барномаҳое, ки ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз равона шудаанд, чораҳо меандешад.

Лоиҳаи қонун дар асоси «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 таҳия гардид.

Қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳама шахс дар ҶТ муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шакли табъизро муқаррар менамояд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раънохон Бобоҷониён зикр кард, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳама шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва низоми ҳуқуқии пешгирӣ, ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шакли табъизро танзим ва муқаррар менамояд.

Зикр шуд, ки дар доираи лоиҳаи қонун аввалин бор мафҳумҳои нав, ба монанди табъиз (моддаи 1), табъизи бевосита ва бавосита (моддаи 5), таъқиби ҷинсӣ (моддаи 6), сегрегатсия (ҷудокунӣ — моддаи 8), ҳимоя аз виктимизатсия (моддаи 10), медиатсия (миёнҷигарӣ — моддаи 12), тамға ҳамчун намуди ­ табъиз (моддаҳои 16 — 18) истифода шудаанд.

Гуфта мешавад, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шакли табъиз муқаррар гардидааст (моддаи 13), ки аз ҷумла экспертизаи зидди­табъизии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мегузаронад.

Дар масъалаи барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз ҳамкории мақомоти давлатӣ, мақомоти шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ мешавад (моддаҳои 16-18), ки барои аз байн бурдани табъиз бештар чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ мегузаронанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...