Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард

Маҷрои селе, ки шоми рӯзи 26 июн пас аз боришоти шадид фаромад, ба деҳаи Ворухи ҷамоати Хушободи шаҳри Исфара зарар расонид. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сел ба 51 хонаи истиқоматии сокинони маҳалла ворид шуда, 10 иншооти ёрирасон зарар дидаву як чорвои калон ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ҳудуди 3 км роҳи дохили […]

Маҷрои селе, ки шоми рӯзи 26 июн пас аз боришоти шадид фаромад, ба деҳаи Ворухи ҷамоати Хушободи шаҳри Исфара зарар расонид.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сел ба 51 хонаи истиқоматии сокинони маҳалла ворид шуда, 10 иншооти ёрирасон зарар дидаву як чорвои калон ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ҳудуди 3 км роҳи дохили маҳалла корношоям шудааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар маҳаллаи Хушободи ҷамоат корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ оғоз гардидаанд.

“Барои пурсамар гузаштани кор 3 адад автомашинаи тамғаи МАЗ, 2 адад КАМАЗ ва 2 экскаватор ҷудо карда шудааст”, – омадааст дар хабари Кумита.

Дар Кумита зикр мекунанд, ки ҳеҷ касе аз аҳолии маҳаллӣ аз ин офат осеб надидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.