The Economist ҳамзамон дар ду кишвари Осиёи Марказӣ бесуботиҳоро пешбинӣ мекунад

Нашрияи бритониёии The Economist нӯҳ кишвари ҷаҳонро номбар кардааст, ки ба далели афзоиши қимати маҳсулоти хӯрокворӣ ва воситаҳои энергия дар 12 моҳи оянда дар онҳо эҳтимоли нооромиҳо вуҷуд дорад. Дар байни ин 9 кишваре, ки дар онҳо эҳтимоли баланди ба вуҷуд омадани бетартибиҳо вуҷуд дорад, ду кишвари Осиёи Маракзӣ номбар шудаанд. Тоҷикистон дар ин рӯйхат […]

Нашрияи бритониёии The Economist нӯҳ кишвари ҷаҳонро номбар кардааст, ки ба далели афзоиши қимати маҳсулоти хӯрокворӣ ва воситаҳои энергия дар 12 моҳи оянда дар онҳо эҳтимоли нооромиҳо вуҷуд дорад.

Дар байни ин 9 кишваре, ки дар онҳо эҳтимоли баланди ба вуҷуд омадани бетартибиҳо вуҷуд дорад, ду кишвари Осиёи Маракзӣ номбар шудаанд. Тоҷикистон дар ин рӯйхат зикр нашудааст.

Дар маводи нашрия мушкилоти ҷойдоштаи марбут ба амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ дар ҷаҳон бар асари пандемия ва муноқишаи низомии Русия ва Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Қирғизистон ба рӯйхати кишварҳое шомил шудааст, ки соли наздиктарин дар он рух додани нооромиҳо аз эҳтимол дур нест. Сатҳи пешгӯйиро коршиносон баланд арзёбӣ мекунанд.

Ба ҷуз Қирғизистон, ки ҳимоя аз ҳуқуқ ва озодиҳо барои мардумаш кори муқаррарист, ба ин рӯйхат ба таври ногаҳонӣ Туркманистон низ шомил гардидааст, ки маъмулан мардуми он ба ҳама азобу уқубати зиндагӣ сабрро пеша мекунанд.

Ҳамчунин дар Покистон, Туркия, Перу ва 4 кишвари Африқо – Миср, Тунис, Уганда ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ низ буҳрони иҷтимоӣ-сиёсӣ ба амал омада метавонад.

Муаллифи ин нашрия менависад, дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар Қирғизистон се раисиҷумҳур аз мақомашон барканор шудаанд.

Дар назар аст, ки болоравии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва воситаҳои энергетикӣ, ки қисмати зиёдаш аз Русия ворид мешавад, ба бесуботиҳо боис шуда метавонанд.

Дар маҷмӯъ вобастагии зиёди Қирғизистон аз Русия, аз ҷумла вобастагӣ аз интиқоли пули муҳоҷирон ба ватан зикр мешавад.

Дар робита ба Туркманистон гуфта мешавад, бар асари идоракунии бесамари иқтисод, дар ин кишвар, кайҳост, ки камбуди ғизо ба мушоҳида расида, маҳдудиятҳои муайяне ҷорӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, масалан, агар касе аз миқдори муқарраршуда зиёдтар нон харад, метавонанд ӯро ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабс гиранд.

Аммо муаллиф ягон ваҷҳу далеле намеорад, ки сабри хоксорона ва тобоварии мардуми туркманро ба ин буҳрон гувоҳӣ диҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.