«Раҳими Ғармӣ» ба ҳадя кардани хонаҳо идома медиҳад

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Соҳибкор Абдураҳим Бобоҷонов, маъруф бо тахаллуси “Раҳими Ғармӣ” ба сокинони махсусан ниёзманди Тоҷикистон 20 манзил ҳадя кард.  Дар ин бора блогнависи тоҷик Орзу Исоев, ки дар маросими ироаи асноди манзил ба ин афрод ширкат дошт, хабар дод.

Маросим дар тарабхонаи "Бурак" дар фазои бошукӯҳ баргузор шуд ва ин чорабинӣ ба гуфтаи сарпараст, ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад.

Абдураҳим Бобоҷонов дар сӯҳбат бо блогнавис гуфт, ки хайрия барои ӯ як ҷузъи муҳими зиндагиаш аст.

«Одамоне, ки манзили шахсии худро надоранд, бо ин мушкилот аз дунё канор мераванд, нигоҳи холӣ ва хаста доранд. Ман худам як вақт мушкили манзилро аз сар гузарондам, дур аз Ватан зиндагӣ мекардам, иҷора менишастам, аз ин рӯ мефаҳмам, ки ин чӣ гуна мушкили бузург аст." – гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар интихоби "номзадҳо" ба ӯ кормандон, блогнависон ва ҳатто модараш кӯмак кардаанд.

«Мо рӯйхат тартиб дода, онро ба се гурӯҳ тақсим кардем: ниёзмандон, ниёзмандтарҳо ва ниёзмандтаринҳо. Мо тасмим гирифтем, ки барои эҳтиёҷмандон манзил бихарем”, – қайд мекунад хайрхоҳ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Бобоҷонов барои ду ҳунарманд – ҳунарманди гурӯҳи ҳаҷвии "Ғарибшо-компания" Бахтиёр Раҳимов ва солисти гурӯҳи ҳаҷвии "Хандинкамон" Гулбаҳор Ғаффорова манзил харида буд.

Онҳо пас аз он ки барои ёрӣ ба хайрхоҳони мамлакат мурочиат карданд, соҳиби хона шуданд.

Аз ҷумла Бахтиёр Раҳимов ба Абдураҳим Бобоҷонов, Исмоил Муҳаммадзоир ва Маҳмуд Муродов муроҷиат кард.  Дар натиҷа Абдураҳим Бобоҷонов ба дархости ӯ посух дода, барои хариди манзил 60 ҳазор доллар ҷудо кард.

Раҳим Бобоҷонов пеш аз ин бо саховатмандиаш ном бароварда буд. Ӯ дар Русия тиҷорат дошта, на як бору ду бор ба ҳамватанонаш кӯмаки моддӣ кардааст.

Ӯ дар замони пандемия ба 600 муҳоҷири кории тоҷик, ки  бекор буданд, ба маблағи 3 миллион рубли русӣ кумаки моддӣ карда буд.

Соли гузашта низ соҳибкор пас аз баромади муваффақи варзишгари тоҷик Нурулло Алиев дар мусобиқаи Eagle FC ба ӯ мошини нав ҳадя карда буд.  Ин ғалабаи шашуми ҷанговар буд.

Падари Раҳим, Муҳиб Бобоҷонов низ тоҷири маъруф аст.  Дар гузашта ба совхози «Сорбоғ»-и дараи Камароби ноҳияи Рашт роҳбарӣ мекард.  Сипас ширкати шахсии Исфандиёрро таъсис дод.

Хонаводаи Бобоҷоновҳо дар соли 2019 қисмати шоҳроҳи Навобод-Ғарм дар минтақаи Раштро асфалтпӯш карданд.  Худи ҳамон сол Муҳиб Бобоҷонов бо ордени «Барои хизматҳои шоён» мукофотонида шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...