Home Сужаҳо Афғонистон Ӯзбекистон мизбони нишасти байнулмилалӣ оид ба Афғонистон хоҳад буд

Ӯзбекистон мизбони нишасти байнулмилалӣ оид ба Афғонистон хоҳад буд

0
5396

Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон аз баргузории нишасти байнулмилалӣ оид ба масоили Афғонистон рӯзҳои 25-26 июли соли ҷорӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, конфронс дар шаҳри Тошканд бо иштироки ҳайатҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байнулмилалӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳияи маҷмӯи тадбирҳо ва пешниҳодҳо оид ба бархӯрдҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати мусоидат ба субот, амният, бозсозии пас аз ҷанг дар Афғонистон ва ҳамгироии он ба равандҳои ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардуми чандмиллатии  Афғонистон ва тамоми ҷаҳон унвон шудааст.

Зикр мешавад, ки анҷумани мазкур идомаи мантиқии конфронси байнулмилалии сатҳи баланди Тошканд оид ба Афғонистон «Раванди сулҳ, ҳамкории амниятӣ ва ҳамкории минтақавӣ» (27 марти соли 2018) ва конфронси байнулмилалии сатҳи олии Тошканд «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо» (15-16 июли 2021) хоҳад буд.

Дар ҳамин росто мавриди зикр аст, ки як ҳайати муштарак аз ҳукумати Толибон, сектори хусусии таҳти раёсати Нуридддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон рӯзи 2 июл вориди Тошканд шуданд.

Гуфта мешавад, дар вохӯриву гуфтушунидҳои онҳо бо мақомоти Ӯзбекистон масоили тақвияти тиҷорат, транзит ва ҳалли мушкилоти тоҷирони афғон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here