“Мавҷи Истиқлол”: “Каналҳои телевизионӣ бо сабаби ноқисии сартосарӣ дар Русия аз кор монданд”

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз 2 июл дастрасии сокинони шаҳри Душанбе ба шабакаҳои телевизони ноқилӣ (кабел)-и “Мавҷи Истиқлол” қатъ шуд. Дар худи ширкат ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки ин ҳолат бо сабабҳои аз онҳо новобаста ба миён омада, мушкилот аллакай бартараф шудааст.

Корманди шуъбаи техникии ширкати “Мавҷи Истиқлол” Усмонҷон Ғаниев эътироф намуд, ки ноқисиҳои техникӣ хусусияти сартосарӣ (глобалӣ) доштанд.

“Дарвоқеъ, аз шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дастрасӣ ба шабакаҳо қатъ шуд. Ин бо сабаби вазъияти мавҷуда байни Русия ва Украина ба амал омад. Пас аз таҳримҳои ҷоришуда ба Русия лозим омад, ки пойгоҳҳо (базаҳо)-и худро бозсозӣ кунад. Аз ин рӯ, тамоми кори пойгоҳи мо қатъ шуд”, – гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон мушкилот ҳал ва ҳамаи ноқисиҳо бартараф шудаанд ва инчунин кори дастгоҳу таҷҳизот санҷида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, барои пурра ба кор даромадани шабакаҳо лозим аст, ки пойгоҳ дубора боргирӣ (перезагрузка) шавад.

“Ин як кори техникии зарурист, лекин на ҳамаи муштариён мустақилона аз уҳдаи иҷрои он мебароянд. Бинобар ин, кормандони мо ҳатто рӯзи якшанбе ҳам дар кор буданд, то ки барои дар ҳама хонаҳои қаламрави зери масъулияташон ба барқарор намудани дастрасӣ ба шабакаҳо фурсат ёбанд”, – иброз дошт Ғаниев.

Номбурда ҳамчунин гуфт, касоне, ки мустақилона барқарор кардани шабакаҳои телевизион аз дасташон намеояд, метавонанд ба ширкат муроҷиат намоянд.

Дар саҳифаи ширкати “Мавҷи Истиқлол” дар Facebook мо рақами телефонҳоеро дарёфтем, ки метавон тариқи он муроҷиат намуд.  

Касоне, ки дар ноҳияи Сино зиндагӣ мекунанд (қаламрави Филармонияи давлатӣ (Профсоюз) метавонанд кормандро барои машварат бо рақамҳои зерин даъват кунанд: 900900580 ва 888885507;

Дар ноҳияи Фирдавсӣ – 900900597 ва 900900587;

Дар кӯчаҳои марказии шаҳр – 888885525, 901011331, 901445533 ва 888883553;

«Садбарг» ва фурудгоҳ – 888887585 ва 888887580;

Микрорайони 102-юм – 900905380;

Микрорайони 92-юм – 900904520;

Микрорайон 33-юм – 900900597.

Ғайр аз ин, боз бо чунин рақамҳо ба ширкат занг задан имкон дорад: 88-888-55-23; 900-900-593;  900-904-513 ва 223-23-85.

Ширкати телевизиони ноқилии “Мавҷи Истиқлол” ба тамошои 210 шабакаи телевизионии кишварҳои гуногун имкон медиҳад.

Арзиши пайвастшавӣ 110 сомониро ташкил медиҳад. Моҳи аввал хидматрасонӣ бепул буда, минбаъд ҳар моҳ 25 сомонӣ пардохт кардан лозим аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...