«Моро фаромӯш накунед»: Паёми Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба дӯстон аз боздоштгоҳи тафтишотӣ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вохӯрии рӯзноманигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ, бо ҳамсараш дирӯз 5 июл дар боздоштгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Ғурбатӣ  рӯзи  15 июн бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби прокуратураи ҳамин ноҳия бо моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) боздошт шудааст.

Мубораки Қосим, ҳамсари рӯзноманигор Абудуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт,  ӯ дирӯз бо Абдулло дидор дошта, ҳудуди  як соат суҳбат кардаанд.

Номбурда гуфт, ки ҳолати Абдулло хуб буда, бовар дорад, ки тафтишот ба зудӣ ва ба хубӣ анҷом меёбад ва назди хонаводааш бармегардад.

 "Ҳолаш хуб аст, суҳбати хуб доштем. Бовар дорам, ки озодаш мекунанд. Иншоаллоҳ ҳамаш бахайр аст», – илова намуд Муборак.

Ҳамсари рӯзноманигор илова кард, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ  ба дӯстон, ба расонаҳои хабарӣ  ва ба кулли мардум  паём расонд ва гуфтааст, ки «Моро фаромуш накунед».

Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ зимни иҷрои фаъолияти касбиаш ба мушкилот дучор мешавад. Рӯзи 29 майи соли 2020 дар ноҳияи Хуросон ӯ аз ҷониби шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифт. Ин ҷо ӯ барои таҳияи гузориш дар бораи офати табиӣ омада буд.

Се нафар ҳамлагаронро баъдан пайдо карданд (рӯзноманигор рақами мошини онҳоро аксбардорӣ намуда, ба милитсия ариза пешниҳод кард). Барои авбошӣ ҳар кадоме аз онҳо 10 нишондиҳанда барои ҳисоб (580 сомонӣ) ҷарима шуд.

Ин ҳамлаи дуюм ба журналист буд. Шоми рӯзи 11 майи ҳамон сол шахсони номаълуми ниқобпӯш Абдуллоҳ Ғурбатиро дар назди хонааш лату кӯб карданд. Он замон гунаҳкорон пайдо нашуда буданд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи 15 июн июн рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ  аз ҷониби прокуратруи ноҳияи Шоҳмансур боздошт гардида, баъдан ба муддати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Тавре қаблан адвокати онҳо Абдураҳмон Шарипов ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, Далери Имомалӣ, ки з ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ) ва аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ) боз шуда буд, моддаи нав – 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнуъ") гунаҳгор дониста мешавад.

Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби прокуратураи ҳамин ноҳия бо моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.

Қаблан Далери Имомалӣ қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба ҳайси наворбардор бо Д.Имомалӣ кор мекунад, иттиҳомро рад карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...