Вазорати тандурустии Тоҷикистон санҷишҳои ташхиси COVID-19-ро дар марз ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба афзоиши ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷишҳоро дар ин самт дар сарҳад ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, мусофироне, ки тариқи роҳи ҳавоӣ ё заминӣ сафар мекунанд, бояд бо худ гувоҳнома (сертификат)-и ваксина гирифтан зидди коронавирусро дошта бошанд.

“Ғайр аз ин, ҳарорат санҷида мешавад ва агар он баланд бошад, тести коронавирус гирифта шуда, танҳо пас аз маълум шудани натиҷаи тест чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Маълумоти шахс ба дармонгоҳи маҳалли зист фиристода шуда, ӯ зери муоинаи табибон қарор мегирад. Меҳмонони кишвар – ба дармонгоҳи макони будубош/иқомат (хонаи иҷора, меҳмонхона) фиристода мешаванд”, – гуфтанд дар ин ниҳод.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати илова намуданд, ки айни замон дар фурудгоҳҳо ва сарҳади Тоҷикистон ягон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироят аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ қаблан дар ин робита зикр карда буд, ки вазъияти марбут ба сироят ва беморӣ зери назорати Вазорат қарор дошта, барои пешгириву паҳншавии он тамоми тадбирҳои зарурӣ рӯйи даст гирифта мешаванд.

Дар кишварҳои ҳамсоя вазъ чӣ гуна аст?

Қазоқистон

Давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 187 ҳолати нави сироят аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ки Nur.kz хабар медиҳад, то 5 июл аксарияти сироятёфтагон дар шаҳрҳои Алмато (112 нафар) ва Нурсултон (37 нафар), инчунин нисбатан камтар дар Чимкент (8 ҳолат) ва Атирау (10 ҳолат) сабт шудааст.

Аз лиҳози арёбии вазъи эпидемиологӣ Алмато ба минтақаи “зард” шомил гардида, аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки аз ваксинзанӣ гузаранд ё дубора ваксина гиранд.

Ӯзбекистон

Шабонарӯзи гузашта ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон ошкор шудааст. Тавре ки kun.uz менависад, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, рӯзи 4 июл сироятёбии 74 нафар аз коронавирус тасдиқ шудааст.

Аз ҷумла дар Тошканд 14 ҳолат, вилоятҳои Ҷиззах ва Хоразм – 7 ҳолатӣ, Самарқанд – 6 ҳолат, Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро ва Сурхондарё – 4 ҳолатӣ, вилоятҳои Андиҷон, Навоӣ, Намангон, Фарғона ва Сирдарё – 3 ҳолатӣ, вилояти Тошканд – 3 ҳолат ва вилояти Қашқадарё – 2 ҳолати сироятёбии шахсон ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳолатҳои марг бар асари сироят ва беморӣ сабт нашудааст.

Қирғизистон

Давоми як ҳафта (аз 27 июн то 3 июл) дар Қирғизистон 48 ҳолати сироят аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки 19 ҳолат бештар нисбат ба ҳафтаи гузашта аст. Се нафар аз онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар Бишкек 43 ҳолат, дар вилояти Чуй – 4 ҳолат, шаҳри Ош – 1 ҳолати сироят аз коронавирус ошкор шудааст.

Дар ҷаҳон

Моҳи июн бори нахуст дар ним сол ҳолатҳои сироят аз коронавирус зиёд шуд. Шумори сироятёфтагон 17,3 млн нафар афзуд, ки 15% бештар дар муқоиса бо моҳи май мебошад.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА, то рӯзи 5 июл шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари дунё ба 550 млн 33 ҳазору 846 нафар расидааст.

Аз оғози паҳншавии вирус дар ҷаҳон аз оқибатҳои сирояти он 6 млн 340 ҳазору 147 нафар вафот карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...