Душанбе: Ҷаримаи ронандагон барои таваққуфи нодуруст дар роҳҳо

Asia-Plus

Пас аз муроҷиати сокинони пойтахт, 14 нафар ронандагон барои таваққуфи нодурусти автомашинаашон дар роҳ ҷарима шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокинони пойтахт суратҳои таваққуфи нодурусти автомашинаҳоро ирсол кардаанд.

“Аксари ронандагон ҳангоми адои намози ҷумъа автомашинаи худро дар ҷойи номуқарраргардида, махсусан дар байни роҳ бе назорат гузошта, ба тамбашавии роҳ ва монеагӣ ба ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ боис шудаанд”, – баён мешавад дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбати ронандагон барои таваққуфи нодуруст  дар асоси моддаи 324 КҲМ Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Дар ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима дар ҳаҷми 1 нишондиҳанда барои ҳисоб (64 сомонӣ) пешбинӣ шудааст.

Дар фарҷом Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро ҳамаҷониба риоя намуда, бо таваққуфи нодурусти нақлиётҳои худ боиси озори дигар шаҳрвандон нагарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...