Посухи Барзу Абдураззоқов ба Вазорати фарҳанг: “Ба кори одамон халал нарасонед”

Asia-Plus

Коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов дар мавриди изҳороти вазири фарҳанг доир ба намоиши “Манқурт. Реквием"-и ӯ посух дод. Ба гуфтаи коргардон, посухи мукаммали худро нисбат ба қарори онҳо ӯ дар 30 саҳифа таҳия намуда, лекин ба хотири амнияти ҳамаи иштирокчиёни намоиш (спектакл) онро манзур намекунад.

Коргардони маъруф посухи худро дар саҳифааш дар Facebook нашр кард. Тавре ки ӯ зикр мекунад, посухи Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, аз хулосаи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки рӯзи 6 июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн шуд, фарқе надорад.

Ӯ менависад, пас аз манъи намоиш дар 30 саҳифа посухи худро ба Вазорати фарҳанг омода намуда, лекин онро пешниҳод намекунад, зеро яке аз иштирокчиёни спектакл Далери Имомалӣ ба ҳабс гирифта шуда, дар боздоштгоҳи тафтишотӣ қарор дорад.

“Ҳамаамон зери таҳдид қарор гирифтем. Барои тезутунд нашудани сарнавишти фоҷиабори Далер ва шиддати вазъ атрофи намоиш, маҷбур шудам, ки нашри посухи худ ба Вазорати фарҳангро як муддат мавқуф гузорам. Ҳар корро вақту соаташ меояд”, – гуфтааст Абдураззоқов.

Дар фарҷом коргардон аз Вазорати фарҳанг даъват намудааст, ки ба кори одамон халал нарасонанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбе, 12 июл вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода дар мавриди манъи намоиши “Манқурт. Реквием"-и коргардон Барзу Абдураззоқов изҳор намуд, ки он бо сабаби “аз матни аслии муаллиф, дур рафтани коргардон” манъ шудааст.

“Коргардон аз матни аслии муаллиф Чингиз Айматов дур рафта, ба он иловаҳои худро ворид ва муҳтавои асарро таҳриф кардааст. Намоиш бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар ва барои таълиму тарбияи насли наврас қобили қабул дониста нашуд, яъне аз ҷониби шӯрои бадеӣ пазируфта нашуд", – шарҳ дода буд вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Намоиш (спектакл)-и "Манқурт. Реквием", аз рӯйи асари маъруфи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов "Дуроҳаи бӯронӣ" дар коргардонии Барзу Абдураззоқов таҳия гардид.

Қарор буд, ин намоишнома 20-уми май дар театри "Падида" намоиш дода шавад. Вале рӯзи 19 май мақомот нагузоштанд, ки он  рӯйи саҳна биояд. Далели мақомот ин буд, ки намоишнома бояд аз назари шӯрои бадеӣ гузарад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...