Барои 1 метри мураббаъ беш аз 4 ҳазор сомонӣ. Кумитаи сохтмон гуфт, дар Тоҷикистон нархи хона арзон аст

Мазҳаб Ҷумъа, Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе арзиши миёнаи 1 метри мураббаъ хона 4 ҳазору 170 сомонӣ аст ва он дар муқоиса бо арзиши миёнаи хона дар дигар давлатҳо пасттар аст. Дар ин бора имрӯз, 21 июл Муҳаммадсаид Зувайдзода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Зувайдзода гуфт, ки муайян кардани нархи хонаҳо ба чанд омил – музди маоши кормандон, қувваи истифодабарии машинаву механикаҳо ва масолеҳи сохтмон вобаст аст.

"Нархи хонаҳои мо дар муқоиса бо дигар давлатҳо пасттаррин аст ва кумита низ ҳаракат намуда истодааст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо нархи хонаҳо ҳам ба инобат гирифтат шавад, то ба мардум дастрас шавад", – афзуд Зувайдзода.

Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар шаш моҳи соли равон 588 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.

Ба таъкиди ин ниҳод, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ  Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар 65 шаҳру ноҳия дар 683 иншоот 802 санҷиш гузаронидааст. Дар натиҷа, 17 ҳазору 79 камбудӣ ба маблағи 705 ҳазор 480 сомонӣ ошкор шудааст.

Арзонтар гуфтани нархи хонаҳо дар кишвар нисбат ба дигар давлатҳо аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ҳолест, ки ҳамарӯза аҳолӣ аз гаронии нархи хонаҳо дар кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе нигаронӣ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки ҳарчанд шумораи сохтмони хонаҳо дар кишвар зиёд мешавад, вале сол аз сол нархи онҳо қимат мегардад. Аҳолӣ инчунин, аз сифати сохтмони хонаҳо низ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе низ дар як ҷаласа аз сохтмони иншоот дар пойтахт изҳори норозигӣ карда, дастур дода буд, ки дар наздиктраин фурсат камбудиҳо дар ин самт бартараф карда шаванд.

Он замон маркази матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар дода буд, ки Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки  солҳои ахир сохтмони манзил барои аҳолӣ зиёд шуда, дар баробари ин сифати сохтмонро беҳтар кардан лозим аст, то ки биноҳои сохташуда ба насли оянда муддати тӯлонӣ хидмат кунанд.

“Иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо дарназардошти санъати баланди меъморӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ки ба наслҳои оянда садсолаҳо хизмат расонанд”, – таъкид дошта буд шаҳрдори Душанбе дар ҷаласа.

Ба гуфтаи раиси пойтхт, дар сохтмони манзил ширкатҳо меъёрҳоро риоя намекунанд ва дар ин робита кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд.

“Зеро аксар вақт биноҳо бе инобати роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, шароит барои маъюбон, таваққуфгоҳҳо бунёд карда мешаванд”, – изҳор дошта буд Рустами Эмомалӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...