Чойхонаи “Роҳат” тахриб намешавад, – Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

Date:

Бинои асосии чойхонаи “Роҳат” дар шаҳри Душанбе тахриб намешавад, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Зувайдзода.

Ба гуфтаи раиси Кумита, танҳо биноҳои гирду атрофи он ки ба чойхона часпидааст, тахриб мешавад.

“Ин биноҳо арзиши таърихиву фарҳангӣ надоранд. Дар ҷойи онҳо бинои нави Вазорати адлия ва гулгашт сохта мешавад”, – иброз дошт номбурда.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадсаид Зувайдзода

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки “дар бораи тахриби бинои Театри ба номи Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи илмҳо, ки дар кӯчаи марказӣ ҷойгир аст, супориш нашудааст”.

“Аз ин рӯ онҳо тахриб намешаванд”, – изҳор дошт Раиси Кумита.

Баҳсҳои навбатӣ атрофи тахриби чойхонаи “Роҳат” баъди тахриби бинои тарабхона дар шафати он пайдо шуданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Масъалаи тахриби биноҳои таърихӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз соли 2016 мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ чандин маротиба бо дархости тахриб накардани биноҳои таърихӣ дар Душанбе, аз ҷумла чойхонаи “Роҳат” ба мақомоти марбутаи давлатӣ муроҷиат карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...