Имсол, беш аз 4 ҳазор нафар ба Ҳаҷ рафтаанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар соли 2022 беш аз 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, бо пардохти 60 ҳазору 520 сомонӣ ба Ҳаҷи умра рафтаанд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар хабар дод.

Номбурда гуфт, бозгашти охирин гурӯҳи зоирон ба ватан рӯзи 1 августи соли 2022 дар назар аст.

Давлатзода афзуд, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар 78 донишҷӯ ба таълими ғайрирасмии динӣ ҷалб гардидаанд.

Ӯ ҳамчунин, афзуд, ки аз ҷониби кумита дар ин давра, дар асоси 247 дархост 1359 номгӯй адабиёти динӣ ва 11441 адад варақа, ҳамагӣ дар ҳаҷми 306090 саҳифа, баробар ба 19130,62 ҷузъи чопӣ, инчунин 214 адад фита, 25 адад телефони мобилӣ, 3 адад флешкорт, 1 ноутбук ва 1 адад протсессори дорои 11341 адад сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дода шуд.

– Аз ин теъдод ба 152 дархост хулосаи манфӣ ва ба 95 дархост хулосаи мусбат дода шуд. Аз маводи мазкур ба 1261 номгӯй адабиёти динӣ, 9696 адад варақа, 88 адад фита, 14 адад телефони мобилӣ, 2 адад флешкорт, 1 адад ноутбук ва 1 адад протсессор хулосаи мусбат ва ба 98 номгӯй адабиёти динӣ, 1746 адад варақа, 127 адад фита, 11 адад телефони мобилӣ ва 1 адад флешкорт хулосаи манфӣ дода шуд, – гуфт раиси кумита

Роҳбари ин ниҳод афзуд, ки дар ин давра  11 ҳазору 348 рейд гузаронида шуда, 416  ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи қонуни дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон ошкор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 58 ҳолат зиёд мебошад.

– Дар шаҳри Душанбе 50 (дар шаш моҳи соли гузашта 34) ҳолат, ВМКБ 8 (дар шаш моҳи соли гузашта 15) ҳолат, вилояти Суғд 127 (дар шаш моҳи соли гузашта 103) ҳолат, вилояти Хатлон 165 (дар шаш моҳи соли гузашта 122) ҳолат ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 66 (дар шаш моҳи соли гузашта 84) ҳолати вайрон намудани қонуни танзим ошкор шудааст, – гуфт Давлатзода.

Ӯ гуфт, дар байни онҳое ки қонуни танзимро вайрон кардаанд, мансабдорон низ ҳастанд, вале бо вуҷуди пойфишории журналистон аз шахсони мушаххаси мансабдор ном набурд.

Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ ва 3 ҷамоатхона, дар маҷмуъ 4058 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...