Кумитаи дин бозгардонидани садҳо ҷилд китоби “Қуръон”-ро шарҳ дод

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар кишвар бозгардонии садҳо ҷилд китоби “Қуръон”-ро аз  сӯи Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон надоштани ташхиси диншиносии ин ниҳод ва риоя накардани тартиби ворид намудани адабиёти динӣ арзёбӣ кард.

Сулаймон Давлатзода, роҳбари ин ниҳод, имрӯз, 25 июл дар ҳузури журналистон афзуд, ин китобҳо аз ташхиси динии Кумитаи дини Тоҷикистон нагузашта буданд ва аз ин рӯ, Раёсати гумруки вилояти Хатлон онҳоро бозгардонид.

– Ворид кардани адабиёти динӣ ба кишвар як тартиби муайян дорад. Ҳама гуна адабиёти динӣ, фарқ надорад, вай адабиёти пайравони кадом дин аст, пеш аз ворид шудан ба ҳудуди Тоҷикистон бояд, аз ташхиси диншиносӣ гузарад. Ҳолате, ки дар  Раёсати гумруки Хатлон сурат гирифт, муроҷиат накардани онҳо барои гузаронидан аз ташхиси динӣ ба Кумитаи дин аст, – гуфт Давлатзода.

Дар ҳамин ҳол, ӯ афзуд, ки дар дохили кишвар низ барои чопи адабиёти динӣ шароит ҳаст ва соли гузашта нашри навбатии китоби  “Қуръон” ба роҳ мондаанд.

Давлатзода, ҳамчунин гуфт, ки ҳар ташкилоти дине, ки мехоҳад адабиёташ дар дохили Тоҷикистон нашр шавад, тибқи тартиб агар ба Кумита муроҷиат кунад, ба онҳо иҷозат медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Радиои “Озодӣ” навишт, ки Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон садҳо ҷилд китоби "Қуръон"-ро ба Афғонистон бозпас фиристод.

Сӯҳроб Зокиров, як масъули Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон, ҳангоми нишасти хабарӣ рӯзи 22-юми июл гуфта буд, ки ҳазор ҷилди "Қуръон" бе ҳамоҳангӣ бо Кумитаи дин оварда шуда буданд ва бинобар ҳамин, онҳоро ба Афғонистон бозпас фиристоданд.

Мақомот шумораи китобҳоро дақиқ нагуфтанд, вале афзуданд, як донааш тақрибан 2,50 кило аст. Вазни умумии китобҳо 13 тонна гуфта шуд.

Чанд сол пеш мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки минбаъд адабиёти диние, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешавад, мавриди санҷиш қарор мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...