Ҳар рӯз беш аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро мегиранд

Сaйфиддин Қараев, Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи теъдоди афроде, ки дар нимаи аввали соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтанд, пас аз Укроин дар ҷои дуввум қарор доранд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 74 ҳазору 162 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

Ин омор дар як шабонарӯз ҳудуди 410 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қариб 287,5 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Аз ин шумор 204 ҳазору 820 нафар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.

104 ҳазору 168 нафаре, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, шаҳрвандони Укроин буда, дар гирифтани шаҳрвандии Русия дар зинаи аввал қарор доранд.  Дар ҷои дуюм Тоҷикистон қарор дорад.

Арманистон бо 22 ҳазору 136 нафар дар зинаи сеюм аст.  Баъдан Қазоқистон (21 ҳазору 647), Ӯзбекистон (13 ҳазору 099), Озарбойҷон (12 ҳазору 329), Қирғизистон (10 ҳазору 632), Белорус (8 ҳазору 853), Молдова (8 ҳазору 239), Гурҷистон (1,840), Туркманистон (1549), Литва (137), Латвия (134) ва Эстония (57).

Гуфта мешавад, як сол қабл теъдоди хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, 64 ҳазору 167 нафар бештар будааст. Яъне шумораи онҳо 12 фоиз кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, теъдоди хориҷиёне, ки ба қайди муҳоҷират ворид шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар шаш моҳи аввал ин рақам нисбат ба соли гузашта қариб 3 миллион нафар афзуда, беш аз 8 миллион нафарро ташкил дод.

Аз ҷумла, имрӯз 2 миллиону 156 ҳазору 25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия сабти ном шудаанд, ки 1 миллиону 774 ҳазору 034 нафарашон барои дарёфти кор ба Русия омадаанд.

Дар 6 моҳи соли 2022, 24 ҳазору 698 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи иқомати муваққатӣ ва 51 ҳазору 463 нафар иҷозаи иқомат (асосан) гирифтаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2021-ум 103 ҳазору 681 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт карда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...