146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд

Asia-Plus

Шоми рӯзи 25 июл 146 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд.

Тавре ки АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, аз ин теъдод 42 нафар зан ва 104 нафар кӯдак мебошанд, ки бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргардонида шуданд.

“Ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта тамоми чораҳо амалӣ карда шуда, Вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба Ватан дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.

Қаблан 21 июл дар Димишқ мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар паноҳгоҳи Роҷ ва Ал-Ҳавли Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд.

Ин занон аз соли 2018 ба ин тараф аз мақомот мехоҳанд, то онҳоро ба ватан баргардонанд. Бештари онҳо дар Сурия худро фиребхӯрда медонанд ва мегӯянд, шавҳаронашон онҳоро ба инҷо овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...