Вазорати меҳнат: Маоши миёна дар Тоҷикистон қариб 1650 сомониро ташкил медиҳад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ба ҳолати аввали июли соли 2022 маоши миёна дар Тоҷикистон ҳудуди 1645 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 154 сомонӣ ва нишондиҳандаи аввали соли ҷорӣ 106,5 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин бораи имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод.

Нимсолаи аввали соли 2021 маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти расмӣ 1493,4 ва минималӣ (ҳадди ақал) – 400 сомониро ташкил дода буд.

Маоши миёнаи баландтарин дар шаҳри Душанбе – 2 ҳазору 402 сомонӣ сабт шуда, дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда ба 1548, ВМКБ – 1487, Ноҳияҳои тобеи марказ – 1338 ва вилояти Хатлон – ба 1218 сомонӣ баробар аст.

Маоши нисбатан баландро дар Тоҷикистон кормандони созмону намояндагиҳои хориҷӣ мегиранд, ки маоши миёнаи номиналии онҳо 11 ҳазору 361 сомониро ташкил медиҳад.

Кормандони бонк ва ширкатҳои суғурта ба ҳисоби миёна 4592 сомонӣ, кормандони соҳаи хидматрасонӣ – 4326, кормандони соҳаи алоқа – 3478, бахши энергетика – 3057, саноати истихроҷи кӯҳӣ – 3020, сохтмон – 2489, саноати коркард – 2354, нақлиёт – 2336, хизматчиёни давлатӣ – 1376, фарҳанг – 1370, маориф – 1259, тандурустӣ – 1030, бахши кишоварзӣ – 637 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.

Вазири меҳнат ҳамчунин зикр кард, ки аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳангу, варзиш, тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ низ боло рафт.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал барои тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз 1 июл то 600 сомонӣ (57 доллар) боло меравад. То ин дам ҳаҷми он 400 сомонӣ (38 доллар)-ро ташкил медод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...