Боздошти навбатии фурӯшандагони силоҳи сард дар Душанбе

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҳамин ҳафта дар ҷараёни амалиёти “Корд” дар Душанбе ду фурӯшандаи силоҳи сард боздошт ва як нафари дигар барои бо худ доштани корд боздошт шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз боздоштшудагон 10 корд ва 10 кастет дарёфту мусодира шудааст.

“Аз ҷумла дар бозори “Панҷшер” Хушназар Расулови 34-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шудааст, ки дар мағозааш 10 кастети гуногунҳаҷм дарёфт шуд, – омадаааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар бозори “Ганҷина” Неъматулло Додобоеви 45-сола боздошт шудааст, ки ба фурӯши кордҳо машғул будаастю Аз мағозаи ӯ 10 корди навъҳои гуногун мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбати боздоштшудагон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме аз онҳо ба маблағи 320 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Кормандони милитсия ҳамчунин сокини Бохтар Юрий Ленивихро, ки мусаллаҳ бо корд дар кӯчаҳои пойтахт сайругашт мекард, низ боздошт намудаанд.

“Нисбати ӯ низ санди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бар асоси қарори суд ӯ ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс шуд”, – гуфтанд дар Раёсат.

Қобили зикр аст, ки амалиёти “Корд” муддати чор сол инҷониб барои ошкор ва мусодира намудани яроқи сард, аз қабили корду кастет, электршокер ва ғайра аз аҳолӣ, бахусус ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Амалиёт бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва содир гардидани ҷиноятҳо байни ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард гузаронида мешавад.

Дар ин маводи мо дар бораи чӣ гуна тайёр кардани кордҳо, манъи фурӯши кадом навъҳои он ва ҷазои пешбинишуда барои касоне, ки бо яроқи сард гаштугузор мекунанд, маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...