Мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, “фирори мағз”-ҳо хатар надорад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Хайриддин Усмонзода, мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ба таври оммавӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардани зодагони Тоҷикистонро гувоҳи риояи принсипи озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишвар арзёбӣ кард ва гуфт, ин тамоюл барои ояндаи Тоҷикистон хатар надорад.

Ӯ, ки имрӯз, 28 июл дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, гуфт, дар баробари зодагони Тоҷикистон шаҳрвандони Русия низ шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифта истодаанд.

Усмонзода гуфт, қабули шаҳрвандии Русия аз сӯи зодагони Тоҷикистон наметавонад, ки ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар монеа шавад.

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии кадрҳо дар соҳаи маориф 3400 омӯзгор ва дар соҳаи тандурустӣ 2960 табиб ва 1340 нафар ҳамшираи шафқатро ташкил медиҳад. Роҳбарияти вазоратҳои маориф ва тандурустӣ мегӯянд, сабаби норасоии кадрӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани кадрҳо аст.

– Қабули шаҳрвандии Русия аз ҷониби зодагони Тоҷикистон пеш аз ҳама дар асоси созишномаи дуҷониба сурат мегирад. Ин гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон принсипи озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон риоя мешавад. Дар ҳолате, ки кишварҳои мо созишномаи шарикии байналмилалӣ доранд, ин ҳолатҳо наметавонад,ки оқибати ногуворро ба бор орад, – гуфт Усмонзода.

Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти расмии Федератсияи Русия, дар шаш моҳи охир 74 ҳазору 162 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул кардаанд, ки ин дар як рӯз 410 нафарро ташкил медиҳад.

Раиси МТС дар бораи шумораи зодагони Русия, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтаанд, иттилоъ надод.

Вале дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, ки дар асл гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон хеле мушкил аст. «Азия-Плюс» дар солҳои охир чанд матлаб навиштааст, ки шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон, ки солҳои зиёд дар ин ҷо кору фаъолият доранд ва алакай бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди муштарак доранд, натавонистаанд шаҳрвандии умдаи Тоҷикистонро гиранд.

Хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон ҳастанду мехоҳанд, шаҳрвандии ин кишварро гиранд, танҳо баъди навиштани ариза ба номи расиҷумҳури Тоҷикистон, панҷ сол зиндагӣ дар дохили ин кишвар баъди гирифтани иҷозати иқомат, донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират, набудан дар пайгарди ҷиноӣ ва пешниҳоди 7 ҳуҷҷат метавонанд шаҳрвандӣ гиранд.

Бояд гуфт, ки миёни Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи душаҳрвандӣ вуҷуд дорад.

Дар ин инҷо мақолаи моро дар бораи чӣ гуна шаҳрвандони Русия метавонанд бо тартиби содда шаҳрвандии Тоҷикистонро ба даст оранд, мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...