Бонки ҷаҳонӣ: Зиёда аз нисфи корхонаҳои Тоҷикистон аз низои байни Русия ва Украина осеб диданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оқибатҳои низои байни Русия ва Украинаро ба корхонаҳои се кишвар – Тоҷикистон, Қирғиистон ва Ӯзбекистон мавриди таҳқиқ қарор доданд.

Афзоиши хароҷот ва болоравии нархҳо

Дар таҳқиқот зери унвони “Пульс бизнеса” (Набзи тиҷорат, Business Pulse Survey) гуфта мешавад,  бо оғози муноқишаи ҳарбӣ дар Украина 65%-и корхонаҳои се кишвари зикршуда ба хароҷоти афзояндаи истеҳсолӣ дучор шуданд.

Ҳиссаи чунин корхонаҳо дар Тоҷикистон 53%, Ӯзбекистон – 56% ва Қирғизистон – 87%-ро ташкил медиҳад.

Сатҳи нисбатан бештари хароҷотро дар Қирғизистон муаллифони пажуҳиш чунин маънидод мекунанд, ки корхонаҳои ин кишвар “аз Русия зиёдтар маҳсулоту мавод харидорӣ мекунанд”.

Қобили зикр аст, ки Қирғизистон аз соли 2015 бо Русия дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) дар як фазои гумрукӣ қарор дошта, Тоҷикистону Ӯзбекистон узви ин Иттиҳод нестанд.

“Дар маҷмӯъ, 43% корхонаҳо дар бораи коҳиши воридот аз Русия ва Украина ё пурра қатъ шудани хариди молу мавод аз ин кишварҳо хабар доданд”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Ғайр аз ин, коршиносони Бонки ҷаҳонӣ зикр меунанд, ки бар асари афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ, корхонаҳо нархи маҳсулотро боло мебаранд ё маҷбур мешаванд, ки роҳҳои ҳалли мушкилои коҳиши фоидаро пайдо кунанд.

“Гузашта аз ин, корхонаҳое, ки маҳсулоти худро ба содиркунандагон ё корпоратсияҳои фаромиллии Русия ё Украина мефурӯшанд, аз 5% коҳиши фурӯш ба ҳисоби миёна 5% хабар медиҳанд, дар ҳоле ки фурӯши корхонаҳое, ки ба Русия ё Украина маҳсулот намефурӯшанд, ба ҳисоби миёна 5% афзоиш ёфтааст”, – зикр мешавад дар таҳқиқот.

Мушкилоти дастрасӣ ба қарзҳо

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, тақрибан чоряки корхонаҳои пурсишшуда дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ "бо мушкилоти афзояндаи молиявӣ рӯбарӯ ҳастанд, ки шояд сабаби коҳиши даромаднокӣ ва дастрасии мушкил ба маблағгузории қарзҳои нав бошад".

Зарурати танзими қарзҳоро бештар корхонаҳои Қирғизистон эҳсос мекунанд (32%). Дар Тоҷикистон ҳиссаи чунин корхонаҳо 24 фоиз ва дар Ӯзбекистон 17 фоизро ташкил додааст.

“Дар натиҷа, маҳсулнокӣ ва рақобатпазирии ин корхонаҳо эҳтимол осеб дида, ба баста шудани корхонаҳо, аз даст додани ҷойҳои корӣ ва сустшавии рушди иқтисодӣ боис гардад”, – хулоса кардаанд муаллифони гузориш.

Тавсияҳо

Муаллифони таҳқиқот дар посух ба ин гуна хатарҳо ба ҳукуматҳои ин се кишвар пешниҳод кардаанд, ки ба корхонаҳо кумак кунанд, аз ҷумла:

– ба онҳо имкон диҳанд ки ҷараёни тиҷоратии аз таҳримҳои Русия зарардидаро бозбиниву ба самтҳои гуногуни дигар равона кунанд;

– имкон диҳанд, ки мушкилоти нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин мушкилоти пардохтҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла мушкилоти марбут ба халалдор шудани кори бонкҳои муросилавӣ (корреспондентӣ) дар натиҷаи таҳримҳо алайҳи Русияро ҳаллу фасл кунанд;

– кумаки молиявӣ ва ғайримолиявӣ ба корхонахо мақсаднок ва беҳтар шуда, ин кумак танҳо ба корхонаҳое расонида шавад, ки ҳақиқатан ҳам ба он ниёз доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...