Чӣ гуна Бонки ҷаҳонӣ неругоҳи барқии “Норак”-ро дастгирӣ мекунад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи ноябр аз оғози кори агрегати якуми неругоҳи барқи обии “Норак” ним аср пур мешавад.

Бонки ҷаҳонӣ дар бораи бузургтарин неругоҳи барқии обии Тоҷикистон – “Норак” ва инчунин дастгирии молиявии корҳои таъмиру навсозӣ дар ин неругоҳ маълумоти мухтасари хулоссавӣ ба нашр расонид.

Корҳои таъмиру таҷдиди неругоҳи барқи обии “Норак” соли 2007 оғоз гардиданд. Қобили зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолмешуда қариб нисфи он ба неругоҳи мазкур рост меояд.

Барои амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) 226 млн доллар (56,6 млн – грант, 169 млн – қарзи имтиёзнок) маблағгузорӣ намуда, анҷоми ин марҳила соли 2023 дар назар аст.

Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2022-2030) Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ 115 млн доллар маблағгузорӣ мекунад. Ин сармоягузории бебозгашт аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гуруҳи БҶ, ки ба кишварҳои камбизоаттарини ҷаҳон грант ҷудо мекунад) аллакай маъқул дониста шудааст.

Нимаи моҳи ноябри соли равон аз оғози истифодаи НБО “Норак” ним аср пур мешавад. Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали неругоҳ 15 ноябри соли 1972 доир гардида, охири соли 1979 неругоҳ пурра ба истифода дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...