Ҳушдор: дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои қалбакии Рустами Эмомалӣ пайдо шудаанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе дирӯз, 1-уми август бо нашри як паёми вижа аз пайдо шудани саҳифаҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба номи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳушдор дод.

“Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва корбарон мерасонем, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Instagram, WhatsApp, Viber, Telegram, Twitter ва ғайра саҳифаҳое ба унвонии Раиси МММО, раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ саҳифаҳои иҷтимоии қалбакӣ боз гардида, истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ, бахусус мардуми Тоҷикистон ва берун аз онро ба гумроҳӣ мебаранд», – омадааст дар изҳорот.

Дар паём аз тамоми шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дархост шудааст, ки ба ин саҳифаҳои сохта, ба истилоҳ қалбакӣ бовар накунанд.

Барои ҳаллу фасли мушкилоту ниёзмандиҳо муроҷиат ва ибрози дархосту андешаҳои худ  бо суроғаҳои зерин тавсия мешавад:

– почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ – [email protected], Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – [email protected]

– сомона ва саҳифаҳои расмӣ – www.dushanbe.tj

– Fasebook: @DUSHANBECAPITAL,  Инстаграм:  dushanbe_official, вайбери мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – 985-95-22-22.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...