Бе “чек”-и ярмарка ба мактаб роҳ нест? Оғози ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ дар Душанбе

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе , шурӯъ аз 1-ум то 31-уми августи соли равон, ҳамарӯза аз соати 9:00 то 19:00 дар чанде аз нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мегардад. Дар ин бора  шуъбаи иттилоотии шаҳрдорӣ иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз таъсиси якрамкаҳо дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ мебошад.

Манбаъ, афзуд, дар ярмарка тақрибан 20 корхонаву коргоҳи истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ намудҳои гуногуни сару либос ва лавозимоти мактабиро ба аҳолӣ пешниҳод мекунанд.

Чунин ярмаркаҳо ҳамарӯза дар чор ноҳияи пойтахт аз соати 9:00 то 19:00 баргузор гардида, то оғози соли нави хониш фаъолият менамоянд.

“Ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар назди марказҳои савдои “Панҷшер” «Истиқлол», ҶСП «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Варзоб ТҶ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, назди марказҳоии савдои «Садбарг», «Шукрона», «Ховарон», Бозори «Корвон», ҶДММ «Нассоҷии Тоҷик» ва «Ганҷина»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва дар дохили Бозори «Сафариён»-и ноҳияи Сино ва кӯчаи Валаматзода 8 (назди бинои ҳукумати Шоҳмансур) баргузор мегарданд”, – омадааст дар қарори шаҳрдорӣ.

Бояд гуфт, ки бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат “Тоҷикстандарт” стандарти «Либосҳои мактабӣ–шартҳои умумии техникӣ»-ро таҳия карда, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худӣ пешниҳод шудааст.

Ин ниҳод мегӯяд, ки  барои гирифтани сертификати дӯхти либоси мактабӣ соли 2020-ум 56 корхона, 2021-ум 62 корхона ва 2022-юм 70 корхонаи ватанӣ барои дарёфти иҷозатномаи дӯхти либоси мактабӣ муроҷиат намуданд.

Темурҷон Абдулваҳобзода директори “Тоҷикстандарт” низ 21 июли соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки  «тамоюли истеҳсоли либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ сол аз сол афзоиш дошта, барои беҳбуд бахшидани сифати онҳо аз ҷониби агентӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори мамлакат кор бурда мешавад».

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ волидон аз сифати начандон хуб доштани либосҳои мактабӣ, ки дар ярмаркаҳо пешниҳод мегардад, гила намуда, меӯянд, ки баъди чанд маротиба истифода ва шустан сифати худро гум мекунад.

Ба гуфтаи волидон, нарху навои либоси мактабӣ дар ярмаркаҳо низ чандон арзон набуда, вале бинобар талаб намудани «чек»-и онҳо дар муассасаҳои таълимӣ, маҷбуранд ин либосҳоро харидорӣ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...