ВКХ: Тоҷикистон сиёсати «Чини ягона»-ро ҷонибдорӣ мекунад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ дар робита ба «масъалаи Тайван» гуфт, ки Тоҷикистон сиёсати «Чини ягона»-ро ҷонибдорӣ мекунад. Ин изҳорот, имрӯз, 4 август дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд.

ВКХ аз ҷумла гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

“Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад, мо ҷонибдори сиёсати «Чини ягона» ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем”, – омадааст дар изҳороти мазкур.

Ин ниҳод афзудааст, ки таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад.

Вокуниши Тоҷикистон дар “масъалаи Тайван” дар ҳолест, ки имрӯз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ бо нашри як изҳорот ҷонибдории худро аз сиёсати “Чини ягона” иброз дошта буданд.

Ёдовар мешавем, ки вазъ атрофи Тайван рӯзҳои 2 ва 3 августи соли равон дар пасманзари сафари Нэнси Пелосӣ, раиси палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба ин ҷазира, ки Чин онро музофоти худ медонад, шиддат гирифт.

Сафари сиёсатмадор бо вуҷуди таҳдидҳои азими Чин сурат гирифт ва бо вуҷуди ин, Пелосӣ дар рафти сафар ба Тайбэй бо Тсай Инвэн, сардори маъмурияти ҷазира вохурд.

Дар пайи сафари пелосӣ, Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин изҳор дошт, ки Чин аз нисбати неруҳое, ки аз истиқлолияти ҷазира ҳимоят мекунанд, чораҳои қатъӣ меандешад.

– Муттаҳидшавии Чин бо Тайван як масъалаи ногузирии таърихӣ аст ва кӯшишҳои истифодаи ҷазира барои ҷилавгирӣ аз Чин маҳкум мешаванд”, – афзуд ӯ.

Ҳамин тариқ, дар пасманзари ин сафар Пекин алайҳи Тайбэй бархе таҳримотро шурӯъ кард. Аз ҷумлаи маҳдудиятҳо манъи содироти қум, воридоти меваҳои ситрусӣ ва бархе аз навъҳои моҳии яхкардашуда аз минтақа ҳастанд.

Аз соли 1997 инҷониб, ин нахустин сафари раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...