Орд дар Тоҷикистон 20 сомонӣ арзон шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нархи миёнаи як халта орди вазнаш 50 кило 20 сомонӣ поин рафт. Мақомот мегӯянд, ин ба туфайли афзоиши захираи гандум ва орд имконпазир гардида, сокинон боз ду сабаби дигар – камшавии талабот ва ғайриимкон будани захираи орд дар анборҳоро номбар мекунанд.

Тоҷирон дар минтақаҳо низ аз арзоншавии орд хабар медиҳанд. Ба гуфтаи сокинони ноҳияи Айнӣ, рӯзи 4 август онҳо орди навъи 1-умро бо нархи 360 сомонӣ ва навъи 2-юмро – 340 сомонӣ харидаанд. Аз дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ба идораи “Азия-Плюс” чунин хабарҳо расид.

Дар ярмаркаҳои мақомот дар шаҳри Душанбе орди навъи дуюмро метавон 300-320 сомонӣ харидорӣ намуд. Нархи халтаи 50-килоии орд вобаста ба навъаш дар бозорҳои пойтахт дар умум 320-360 сомониро ташкил медиҳад.

Қаблан аҳолӣ аз гаронии орди гандум шикоят карда, баъзе оилаҳо қариб тамоми даромади моҳонаи худро барои харидани ин маҳсулот сарф мекарданд.

Орди арзон метавонад муҳлаташ гузашта бошад

Ба гуфтаи намояндагони мақомот, поинравии арзиши маҳсулоти асосӣ барои тоҷикистониён ба туфайли захираи гандум ва орди тайёр дар анборҳо муяссар шудааст.

Сабаби дигарашро истеъмолгарон шарҳ доданд. Ба гуфтаи онҳо, бар асари ҳавои гарм орд ба вайроншавӣ сар карда, аз ин рӯ, савдогаронро лозим аст, ки маҳсулоташонро зудтар то ба охир расидани муҳлати истифодааш фурӯшанд. Онҳо ордро дар анборҳо нигоҳ дошта, умедвор буданд, ки нархи он баланд мешавад.

Акрам Хуррам, сокини шаҳри Турсунзода орди вайроншударо харидааст, ки дар он кирмҳо пайдо шудаанд. Маълум шудааст, ки муҳлати нигаҳдории маҳсулот гузаштааст.

Акрам тавсия медиҳад, ки пеш аз харидани орд муҳлати истеҳсол ва санаи ба охир расидани муҳлати коршоямии онро санҷидан лозим аст. Корхонаҳои истеҳсоли орди Тоҷикистон одатан муҳлатҳои коршоямии онро нишон медиҳанд, лекин дар савдои чакана коғази (тамғаи) ин навиштаро мекананд.

“Беҳтараш аз чунин нуқтаҳои фурӯш орд нахаред, – маслиҳат медиҳад истеъмолгари ҷабрдида. – Маҳсулотро бозпас гирифта, пуламро баргардониданд, лекин барои нақлиёт вақту пулам харҷ шуд”.

Боз як сабаби дигари ин ҳолат дар он ифода меёбад, ки дар аксарияти деҳаҳо талабот ба орд кам шуд.

“Ман ордро барои тайёр кардани маснуоти гуногун аз хамир харида, барои нонпазӣ бошад, гандум захира кардам ва ҳар моҳ онро ба осиёби маҳаллӣ барои ордкунӣ мебарам”, – мегӯяд сокини яке аз деҳаҳои ноҳияи Шаҳринав Абдуманнон Азимов.

Тибқи пешгӯии Вазорати кишоварзӣ, имсол ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистон бояд зиёда аз 1,5 млн тонна, аз ҷумла беш аз 900 ҳазор тонна гандумро ташкил диҳад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон гандумро қариб пурра аз Қазоқистон ворид мекунад. Дар ҳамин ҳол, солҳои ахир воридоти орд камтар шуда, воридоти гандум баръакс, зиёд мешавад. Ин ба он вобаста аст, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои нави коркарди гандум ба кор даромаданд ва айни замон қариб 90%-и талаботи кишварро ба орд таъмин мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...