Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон рӯзи 10 август тамрини низомии “Ҳамкории минтақавӣ-22” оғоз гардид. Он аз ҷониби Фармондеҳии марказии ИМА дар Душанбе доир гардида, то 20 август идома меёбад. Иштирокчиёни тамринро сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм шодбош гуфт. Дар тамринҳои фармондеҳиву ситодӣ намояндагони ИМА, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. “Ҳамкории минтақавӣ як тамрини […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон рӯзи 10 август тамрини низомии “Ҳамкории минтақавӣ-22” оғоз гардид. Он аз ҷониби Фармондеҳии марказии ИМА дар Душанбе доир гардида, то 20 август идома меёбад. Иштирокчиёни тамринро сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм шодбош гуфт.

Дар тамринҳои фармондеҳиву ситодӣ намояндагони ИМА, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

“Ҳамкории минтақавӣ як тамрини солонаест, ки ба таҳкими амалиёти бисёрмиллӣ барои таъмини субот, мубориза бо терроризм, рушди ҳамкорӣ ва тавонмандиҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ, ИМА ва дигар кишварҳои иштирокчӣ нигаронида шудааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ва Амрико ҳамчунин як ҷузъи дуҷонибаи панҷрӯзаи тамриноти саҳроиро дар маркази омӯзишии Фахробод баргузор мекунанд.

Дар хабари сафорат ҳамчунин зикр мешавад, ки ин машқҳо барои ҳамоҳангсозӣ, синхронизатсия ва вокуниш ба рӯйдодҳо дар муҳити ғайритаҳдид имконият фароҳам оварда, ба таҳкими амният ва суботи минтақавӣ; баланд бардоштани иқтидор ва ӯҳдадориҳои миллӣ барои боздоштани силоҳи қатли ом, унсурҳои террористӣ ва маводи мухаддир; мусоидат ба рушди қувваҳои мудофиавии минтақавӣ дар амалиёти байналмилалии посдори сулҳ ва табодули иттилоот нигаронида шудаанд.

“Ҳамчун бузургтарин тамрини низомии ИМА бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, “Ҳамкории минтақавӣ-22” имкони беназирро барои таҳкими муносибатҳо бо шарикони мо дар минтақа фароҳам меорад., – гуфт сафир Поммершайм. – Тамринҳои мазкур ҳамчун як форум барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла вокунишҳои осоишта ба чолишҳои глобалӣ, табодули иттилоот ва ҳамкориҳои амниятӣ хидмат мекунад”.

Зикр мегардад, ки қабл аз пандемияи COVID-19, силсилаи машқҳои Ҳамкории минтақавӣ аз соли 2004, ҳамасола дар яке аз кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳида ҳам, баргузор мешуд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи август дар машқгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон таҳти унвони “Иттиҳод-2022” тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.