Раиси ҷамъияти тоҷикон вакили Новосибирскро ба “барангехтани адовати миллӣ” айбдор мекунад

Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Новосибирск вакили рус дар Шӯрои ин шаҳрро “ба барангехтани кинаву адовати миллӣ” муттаҳам мекунад. Минҳоҷиддин Каримов, раҳбари Созмони фарҳангии тоҷикон ва узви раҳбарони Шӯрои машваратӣ оид ба масоили фарҳангӣ ва байниқавмӣ дар назди шаҳрдори Новосибирск, мегӯяд, бояд пеши роҳи иғвоангезиҳои Ростислав Антонов гирифта шавад. Ҷузъиёти баҳсро Радиои Озодӣ нашр кардааст. Баҳси […]

Радиои Озодӣ

Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Новосибирск вакили рус дар Шӯрои ин шаҳрро “ба барангехтани кинаву адовати миллӣ” муттаҳам мекунад.

Минҳоҷиддин Каримов, раҳбари Созмони фарҳангии тоҷикон ва узви раҳбарони Шӯрои машваратӣ оид ба масоили фарҳангӣ ва байниқавмӣ дар назди шаҳрдори Новосибирск, мегӯяд, бояд пеши роҳи иғвоангезиҳои Ростислав Антонов гирифта шавад. Ҷузъиёти баҳсро Радиои Озодӣ нашр кардааст.

Баҳси Каримов бо вакили рус аз он оғоз шуд, ки Антонов раиси ҷамъияти тоҷикони Новосибирскро барои бетарафӣ дар қазияи куштори духтари рус аз сӯйи шаҳрванди Тоҷикистон танқид кард.

Ӯ аз мақомоти Русия талаб кардааст, ки созмони фарҳангии тоҷиконро маблағгузорӣ накунад.

Каримов гуфтааст, ҳеҷ маблағе аз мақомоти Русия дарёфт накардааст ва ба ҷуз аз бархе барномаҳои давлатӣ тамоми иқдомҳои дигари созмон бо пули худи тоҷикони Новосибирск аст.

Охири моҳи июл дар шаҳри Новосибирск шаҳрванди Тоҷикистон бо корд собиқ дӯстдухтари худро кушт. Дар ин робита мақомоти пулис шаҳрванди Тоҷикистон Хушнуд Ҳамроевро боздошт ва ба ҳабс гирифт.

Ростислав Антонов гуфтааст, раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикон, барои ин амали ҳамватанаш аз хонаводаи духтари кушташуда узр напурсид.

Минҳоҷиддин Каримов ин ҷиноятро маҳкум карда иброз доштааст, ки вокуниш ба ин қазия, ки ҳанӯз таҳқиқаш анҷом наёфтааст, дар салоҳияти онҳо нест. Дар ҳар сурат Каримов гуфт, аз модари духтари фавтида маъзарат хостааст.

Ба гуфтаи ӯ, бори аввал нест, ки вакили рус бо чунин баёнияҳо кӯшиши барангехтани кинаву адовати миллӣ мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад таваҷҷӯҳ ба худро бештар кунад.

Минҳоҷиддин Каримов, узви Шӯрои машваратии байниқавмӣ ва милӣ дар назди шаҳрдори Новосибирск ва муовини ҷамъияти иттиҳоди созмонҳои кор бо муҳоҷирон аст.

Каримов мегӯяд, тасмим дорад пешниҳод кунад, ки масъулини шаҳрдори Новосибирск ва шӯроҳо дар ҷаласае рафтору баёнияҳои ба қавли ӯ иғвоангезонаи Антоновро муҳокима кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.