Дар Қазоқистон омӯзиши забони русиро аз синфи 1-ум бекор мекунанд

Asia-Plus

Мақомоти Қазоқистон омӯзиши якбора се забонро дар синфи 1-ум аз соли нави хониш бекор мекунанд. Дар ин бора бо истинод ба вазири маорифи ин кишвар Асхат Аймагамбетов “Интерфакс” хабар медиҳад.

То ин дам дар мактабҳои таҳсилоти умумии Қазоқистон дар синфҳои якум се забон – қазоқӣ, русӣ ва англисӣ дарс дода мешуд. Омӯзиши забони англисӣ аз синфи якум аз соли 2012 ба роҳ монда шуда буд.

Ба гуфтаи вазир, минбаъд кӯдакон аз синфи якум танҳо забони қазоқиро меомӯзанд, зеро барои омӯзиши забони русӣ ва англисӣ онҳоро дар аввал лозим аст, ки хондану навиштанро бо забони модарӣ ёд гиранд.

Ӯ зикр кардааст, ки барои кӯдакони синфи якум дар як вақт омӯхтани се забон душвор аст.

“Аз синфи дуюм омӯзиши забони русӣ ҳамчун фанни алоҳида оғоз гардида, аз синфи сеюм дар ҳамаи мактабҳо забони англисӣ омӯзонида мешавад”, – гуфтааст Аймагамбетов дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи ҳукумат.

Дар ҳамин ҳол, дар барномаи мактабхонҳои синфҳои якуму дуюм, ки бо забони русӣ таҳсил мекунанд, ду фан – забони русӣ ва англисӣ боқӣ монда, дар ин ҷо ҳам омӯзиши забони англисӣ аз синфи сеюм оғоз мегардад.

Моҳи август мақомоти Қазоқистон маълумот бобати дар муддати 6-7 сол бекор кардани синфҳо бо забони русиро рад карданд. Мавод дар ин бора дар барномаи шабакаи телевизиони 31 намоиш дода шуд.

“Ҳам дар синфҳои таҳсилашон бо забони қазоқӣ ва ҳам русӣ, забони русӣ мисли пешина омӯхта мешавад, дар ин самт дигар нақшаҳо нест”, – иброз дошта буд он замон муовини аввали вазири маориф Шолпан Каринова.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...