Тоҷикистон дар интизории ҳосили фаровон: аллакай қариб 1 млн тонна сабзавоту мева ҷамъоварӣ шудааст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳудуди 984 ҳазор тонна ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ шудааст.

Аз ҷумла то ин дам кишоварзон ба ҷамъоварии 429 ҳазор тонна пиёз, 198 ҳазор тонна помидор, 108 ҳазор тонна бодиринг, 102 ҳазор тонна сабзӣ, 43 ҳазор тонна карам ва ҳудуди 104 ҳазор тонна дигар навъи сабзавот – қаланфур, боимҷон (баклажан), лаблабу ва ғайра даст ёфтаанд.

Ҳосилнокии сабзавот дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 308 сентнер аз 1 гектарро ташкил додааст. 

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми ҷамъоварии полезиҳо – тарбузу харбуза ва каду ба ҳудуди 450 ҳазор тонна ва ҳосилнокиашон – ба 296 сентнер аз 1 гектар расидааст. 

Ғунучини ҳосили картошка низ идома дошта, то 20 август дар ҷумҳурӣ зиёда аз 243 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Инчунин айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 140 ҳазор тонна меваи гуногун ва зиёда аз 32 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст. 

Аз заминҳои кишти ҷумҳурӣ то ин дам 853 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки 697 ҳазор тоннааш гандум мебошад.

Дар Пажуҳишгоҳи боғдории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зикр карданд, ки сарфи назар аз инҷиқиҳои обуҳавои имсола, ҳосили сабзавоту мева аз нишондиҳандаҳои соли гузашта зиёд аст.

Олимон ҳосили зироатҳои боғдорӣ (маҳсулоти боғ), аз ҷумла себро, ки ҷамъоварии ҳосили он дар водиҳо ба охир расида, дар минтақаи кӯҳистон акнун оғоз меёбад, махсусан зикр карданд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар майдони 611,8 ҳазор гектар зироат кишт шудааст, ки зиёда аз 60%-аш ба зироати ғалладона, сабзавот ва полезӣ рост меояд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар беш аз 180 ҳазор гектар замин дарахтони мевадеҳ парвариш карда мешаванд.

Бо истифода аз имконоти мазкур Тоҷикистон ният дорад, ки ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда, ҳаҷми содироти онро зиёд кунад.

Соли 2021 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ тибқи нархҳои пешбинишуда 36,4 млрд сомониро ташкил дода, соли 2022 мехоҳанд ин нишондиҳандаро то ба 39,5 млрд сомонӣ расонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...