“Фурсати донистан”: Барои ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигиро ба баҳс кашиданд.

Кадом мақомоти давлатӣ салоҳияти ҷудо намудан ва додани қитъаҳои замини наздиҳавлигиро дорад?

– Мувофиқи моддаи 22-и “Кодекси замин” қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо қитъаҳои заминро бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии заминсозӣ ба истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок, якумраи меросӣ ва ба иҷора медиҳанд.

Дар мавриди рад намудани додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, шаҳрванд ҳуқуқи ба кадом мақомот шикоят намуданро дорад?

– Мувофиқи моддаи 30 Кодекси замин, дар ҳолати рад намудани муроxиат ҷиҳати додани қитъаи замин аризадиҳанда дар мeҳлати се рӯзи пас аз қабули қарор оид ба рад намудани муроҷиат ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад.

Ҳaнгоми беасос рад намудани муроҷиат ҷиҳати додани қитъаи замин, инчунин риоя нагардидани тартиби додани қитъаи замин ба мақоми дахлдор ё суд шикоят намудан мумкин аст.

Оё ҷамоат ҳамчун  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ваколати ҷудо намуда додани қитъаи заминро дорад ё не? Умуман, ҷамоат дар соҳаи замин дорои кадом ваколатҳо мебошад?

– Пеш аз ҳама, бояд қайд намоем, ки мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи ҶТ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, яъне ҷамоат салоҳияти додан ва ҷудо намудани қитъаҳои заминро надоранд. Мувофиқи талаботи моддаи 8 Кодекси замин, ҷамоатҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар қаламрави маҳалҳои аҳолинишини деҳот чунин салоҳиятҳо доранд:

а) ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намудани таклифҳо доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замин;

б) муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳое, ки дар моддаи 71 ҳамин Кодекс оварда шудаанд;

в) тартиб додани китобхои хоҷагидорӣ, бурдани рӯйхати заминистифодабарандагон ва шартномаҳои иҷора, инчунин ба танзим даровардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ;

г) назорати истифода ва ҳифзи заминҳо.

Инчунин мувофики талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон «Дар бораи мақомоти шаҳрак ва деҳот» ҷамоатҳо дар соҳаи замин салоҳияти пеш бурдани китобҳои хоҷагидорӣ, назорати истифода ва ҳифзи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсиро доранд.

Ҳуқуқҳои шаҳрвандон оиди замин бо кадом усулҳо ҳимоя карда мешаванд? Кадом мақомот баҳсҳои заминро баррасӣ мекунад?

Мувофиқи модаи 46-и Кодекси замин, ҳифзи ҳуқуқи оид ба замин тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории шаҳрвандӣ, ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар амалӣ мегардад, аз ҷумла бо роҳи эътироф кардани ҳуқуқи оид ба замин,  манъ кардани мудохила ба фаъолияти заминистифодабарандагон аз тарафи давлат ва заминистифодабарандагони дигар, ба ғайр аз мавридҳои вайрон кардани қонуни замин аз тарафи заминистифодабарандагон, дар қонун муқаррар кардани номгӯи мукаммали ҳолатҳои манъ ва ё маҳдуд кардани ҳуқуқ оид ба замин аз тарафи давлат, дар қонун муқаррар кардани кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба замин ҳангоми манъ ё маҳдуд гардидани онҳо.

Эътирофи ҳуқуқ ба қитъаи замин ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар асоси қарори суд оид ба эътирофи соҳибмулкии амволи ғайриманқули дар ин қитъаи замин ҷойгирбуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин дар маҳалҳо бо риояи талаботи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад. Баҳсҳо, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд, аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон баррасӣ карда мешаванд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...