3 кас ҳалок ва 4 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тафсилоти таркиши мошин дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар натиҷаи садама ва таркиши мошини ҳомили газ дар километри 46-уми роҳи Душанбе – Ҷаноқ 3 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора аз ширкати IRS, ки масъули назорати роҳи Душанбе – Чаноқ аст, ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Манбаъ гуфт, хабарҳо дар бораи он, ки мошини ҳомили газ ба автобуси ширкати "Asian Express" бархӯрда, ронанда фавтидааст, нодуруст аст.

Ронандаи мошини ҳомили газ худро аз мошин берун партофта, бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона аст.

"Баъди аз кор баромадани тормоз, автомобили мазкур бидуни тормоз қариб ду километрро тай карда,  сипас ба дарё сарозер мешавад. Дар натиҷа, ду  мусофири ду автомобили сабукрав дар маҳалли ҳодиса аз алангаи оташи автомобили таркида ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин,  як нафар зан зери автобуси самти Душанбе – Панҷакент монда, ҷон медиҳад. Чор нафари дигар, ки осеби ҷисмонӣ бардоштанд, ба беморхона интиқол дода шуданд", – гуфтанд аз “IRS”.

Автобуси "Asian Express"  ба дохили ҷӯйбор (латок)-и канори роҳ бархӯрда, мусофирони он,  аз ҷумла 17 шаҳрванди Ҳоланд ҳама саломатанд.

Ширкати IRS ба “наздикону пайвандони нафарони фавтида ҳамдардӣ карда, аз ронандагон хоҳиш намудааст пеш аз сафар ба ҳолати техникии воситаи нақлиёт таваҷҷуҳ кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохила ҳодисаи мазкурро шарҳ дода, менависад, ки “6 сентябри соли 2022, соати 10:30-дақиқа, дар 43 километри шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» автомашинаи газкашон, тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 3913 НА 01 РТ, таҳти идораи ронанда Шамсиддинов Амиршо, сокини ноҳияи Панҷ, шаҳраки Панҷ, бинобар сабаби аз кор баромадани таҷҳизоти тормоздиҳӣ ба болои тарозӯи плазаи толлингии «Ҳушёрӣ», ки ба ширкати саҳҳомии IRS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, бархӯрда, ба дарёи Варзоб афтода, таркиш кардааст”.

“Дар натиҷаи таркиш 2 нафар ба ҳалокат расида, 1 нафар ҷароҳат бардошта, 2 автомашинаи дигар қисман зарар дидааст”, – иттилоъ медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, ки дар ҷои ҳодиса намояндагони ҳамаи ниҳодҳои масъул қарор доранд ва таҳқиқ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз дар роҳи Душанбе – Чаноқ мошини ҳомили газ ба садама дучор шуда, таркид. Дар аввал Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ки танҳо ронандаи мошини таркида ба ҳалокат расидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...