Билети қатораи Душанбе – Тошканд 20% арзон мешавад

Asia-Plus

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи поин бурдани нархи билети қатораи хатсайри “Душанбе-Тошканд-Душанбе” ба мувофиқа расиданд. Нарх 20% поин меравад, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Дар ҷараёни гуфтушуниди раҳбарияти ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари” ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар ин хусус қарордодҳои дахлдор имзо шудаанд.

“Аз 6 сентябр ба арзиши билети қатораи байнулмилалии мусофирбар бо хатсайри №301/302 “Душанбе-Тошканд-Душанбе” 20% тахфиф ҷорӣ мешавад”, – зикр кардаанд дар ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари”.

Ёдрас мекунем, ки равуои қатораи мусофирбар байни Тошканд ва Душанбе аз 20 июни соли равон оғоз гардид. Он аз 10 вагон: 4 вагони купе, 5 вагони платскарт ва вагон-тарабхона (ресторан) иборат аст.

Масофаи роҳ аз Тошканд то Душанбе тариқи роҳи оҳан 916 километрро ташкил медиҳад. Қатора аз Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе соати 18:30 ба сафар баромада, рӯзи дигар, сешанбе соати 13:43 ба Тошканд мерасад. Аз Тошканд низ қатора ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 16:15 ба роҳ баромада, рӯзи чоршанбе ба Душанбе мерасад.

Нархи билет ба вагони платскарт 340 670 сӯм (тақрибан 312 сомонӣ), вагони купе – 417040 сӯм (тақрибан 383 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Пештар нархи билет аз 373 сомонӣ сар мешуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...