Дар Душанбе бузургтарин Маҷмааи варзишию фароғатии сатҳи байналмилалӣ боз шуд

Date:

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз маросими ифтитоҳи Маҷмааи муосири варзишию фароғатии иборат аз толори муҳташами варзишии “ЮФСИ ҶИМ” (UFC Gym) ва Академияи футболи “Ювентус” баргузор шуд. Дар ин маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – Раиси Шӯрои гурӯҳи ширкатҳои “55 Групп” Даврон Ҷӯраев бо харҷи зиёда аз 30 млн сомонӣ бунёд гардида, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад. 

Гуфта мешавад, Маҷмаа, ки аз се ошёна иборат аст, асосан дорои варзишгоҳи болопӯшида бо ҳуҷраҳои либосивазкунии мардона ва занона, толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрокҳо ва молҳои варзишӣ, маркази фароғатӣ бо меҳмонхона ва қаҳвахона, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, саунаҳои хушку тар ва бунгоҳи тиббӣ мебошад. Дар маҷмаа ҳамзамон толори мураббиён, синфхонаҳо, ҳаммом, сартарошхона, ҷойи шустушӯи либос, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд буда, дар як вақт дар ин иншооти варзишӣ барои машқу тамрини зиёда аз 300 нафар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Таъкид мешавад, ки Шабакаи толорҳои варзишии амрикоии “ЮФСИ ҶИМ” (UFC Gym) соли 2009 таъсис ёфта, бо суръат рушд мекунад ва айни замон дар 32 кишвари дунё, зиёда аз 150 толори расмии худро дорад.

Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар Академияи Ювентус дар Тоҷикистон, ки нахустин мактаби футболи касбии аврупоӣ барои кӯдакон ба ҳисоб меравад, шинос шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









Баландии майдони болопӯшидаи футболи академия 17, дарозиаш 80 ва паҳноиаш 40 метрро ташкил дода, айни замон дар миёни майдонҳои болопӯшидаи академияҳои амалкунандаи “Ювентус” дар ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад.

Дар ин ҷо имконияти ба ду, се ва чор қисм ҷудо кардани майдон фароҳам буда, дар як вақт 4 гурӯҳ таълимгирандагон зери назорати мураббиёни пуртаҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд. Дар майдони футболи академия имконияти баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ миёни бозингарони то 16-сола низ вуҷуд дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...